'Давлати Исломӣ дар шимоли Ироқ барномаи поксозии қавмӣ ва динӣ иҷро мекунад'
Image copyrightEPAЯк созмони мудофеъи ҳуқуқи башар нерӯҳои Давлати Исломиро ба поксозии қавмӣ ва мазҳабӣ муттаҳам кардааст.
Созмони Афви Байналмилал бо интишори гузорише дар рӯзи сешанбеи 2 сентябр гуфтааст, ки бар асоси шавоҳиди ҷадиде, ки ба даст омада, нафароти мусаллаҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ ба шакле созмонёфта барномаи поксозии қавмӣ ва мазҳабиро дар манотиқи ишғолии худ дар шимоли Ироқ ба иҷро гузошта ва ошкоро муртакиби ҷиноёт алайҳи башарият шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, ки бо унвони "Поксозии қавмӣ дар абъоди таърихӣ" мунташир шуда, эъдомҳои ҷамъӣ ва рабудани афрод иқдомотеаст, ки Давлати Исломӣ алайҳи ақаллиятҳои динӣ ва қавмӣ ба иҷро гузоштааст.
Ин гузориш ҳовии иттилоъоти такондиҳандае аст, ки ҷонбадарбурдагон аз кушторҳои ҷамъии Давлати Исломӣ дар ихтиёри Афви Байналмилал қарор додаанд. Ба унвони мисол, дар минтақаи Синҷор дар шимоли Ироқ, афроди мусаллаҳи Давлати Исломӣ даҳҳо марду писари ҷавони сокини як русторо бо "Вонет" ба хориҷ аз русто бурданд ва бо шиллики гулӯла ба қатл расонданд.
Ҳамчунин аз замони тасаллути Давлати Исломӣ бар ин минтақа садҳо ва шояд чанд ҳазор тан аз занону кӯдакони ақаллияти эзадӣ, эҳтимолан ҳамроҳ бо теъдоде мард, рабуда шудаанд. Расонаҳои мутаъаллиқ ба Давлати Исломӣ тасовиреро аз "куфор" дар маросими эмон овардан ба дини ислом мунташир кардаанд. Ҳамчунин, бар асоси бархе гузоришҳо, занон ва духтарони рабудашуда ба унвони ғанимати ҷангӣ ва канизи ғайримусалмон барои фурӯш ба нафароти Давлати Исломӣ арза шудаанд.
Мушовири аршади умури изтирории Афви Байналмилал гуфтааст, ки шавоҳиди марбут ба куштор ва одамрубоӣ тавассути Давлати Исломӣ нишон медиҳад, ки мавҷи ҷадиде аз поксозии қавмӣ алайҳи ақаллиятҳо дар шимоли Ироқ ба ҳаракат даромадааст. Ӯ афзудааст: "Ҷиноёти боварнакардании Давлати Исломӣ дар чорчӯби барномаи нобудии тамомии осори ақвоми ғайриараби ғайри суннимазҳаб боъис шудааст, ки навоҳии рустоии минтақаи Синҷор ба қурбонгоҳе хунгирифта табдил шавад."
Ба гуфтаи Афви Байналмилал, шавоҳиди бадастомада нишон медиҳад, ки дар моҳи август чанд мавриди куштори ҷамъӣ дар Синҷор рӯй дод. Аз ҷумла дар рӯзҳои 3 ва 15 август нафароти мусаллаҳи Давлати Исломӣ бо ҳамла ба рустоҳои иртифоъоти Қиния, садҳо марду писар, ҳатто писарони дувоздаҳсоларо ба хориҷ аз русто бурданд ва дар онҷо бо шиллики гулӯла ба қатл расонданд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, шуморе аз афроде, ки ҳадафи шиллики гулӯла қарор гирифта буданд, дар ҷо кушта нашуданд, балки нафароти Давлати Исломӣ ононро, ки башиддат захмӣ шуда буданд, барҷой гузошта ва захмиҳо пас аз соъатҳо дарду ранҷ саранҷом ҷони худро аз даст доданд.
Ин гуна ҷиноёт, ки зоҳиран бар асоси эътиқодоти динии Давлати Исломӣ ва барои тарси душманон сурат мегирад боъис шудааст то пешравии ин нерӯҳо дар шимоли Ироқ боъиси фирори дастаҷамъии сокинони манотиқе шавад, ки дар маърази хатар қарор дорад.
Афви Байналмилал нисбат ба сарнавишти садҳо тан аз занони эзадӣ, ки тавасчсути нерӯҳои Доъиш рабуда шудаанд, ибрози нигаронии шадид карда ва гуфтааст, ки нафароти Доъиш ононро таҳдид кардаанд, ки агар мусалмон нашаванд, дар маърази таҷовузи ҷинсӣ қарор хоҳанд гирифт.
