'Доъиш' аз Сулаймонбек ақиб ронда шуд
Image copyrightReutersШибҳнизомиёни шиъа ва курди ироқӣ пас аз шикастани муҳосираи шаҳри Омерлӣ ба пешравиҳои худ идома додаанд ва акнун мегӯянд тавонистаанд нерӯҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш)-ро аз минтақаи Сулаймонбек ақиб биронанд.
Шибҳнизомиёни шиъа ва пешмаргаҳои курд, ки дар ду ҳафтаи ахир бо ҳимояти ҳамалоти ҳавоии Омрико тавониста буданд бахшҳое дар атрофи садди Мавсил ва таъсисоти нафтии ин минтақаро аз шибҳнизомиёни Доъиш пас бигиранд, ин бор гуфтаанд дар шикастани муҳосираи Омерлӣ ва пас гирифтани Сулаймонбек "кумакҳои Эрон" дар пирӯзишон муассир будааст.
Онҳо мегӯянд Эрон бо кумаки таслиҳотӣ ва ироаи нақшаҳои ҷангӣ ба онҳо дар ақиб рондани нерӯҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ аз ин минтақа кумак кардааст.
Шаҳри Омерлӣ, ки рӯзи якшанбе пас аз ҳудуди ду моҳ аз муҳосира хориҷ шуд, дар 170-килуметрии шимоли Бағдод воқеъ шуда ва аҳолии он имрӯз ба гурӯҳи хабарии Би-би-сӣ гуфтанд, ки ин муддат чи гуна бо камбуди маводди ғизоӣ ва оби ошомиданӣ мувоҷеҳ будаанд.
Ҳамазмон Созмони Афви Байналмилал мегӯяд ба шавоҳиди ҷадиде даст ёфта, ки аз "поксозии қавмӣ" дар шимоли Ироқ тавассути шибҳнизомиёни ифротигароӣ Давлати Исломӣ хабар медиҳад.
Муъовини ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд нерӯҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) ба таври муназзам ва ҳадафдои шаҳрвандони ғайринизомиро ҳадаф қарор дода; ба иҷбор "мусалмон" кардаанд; аз онҳо баҳраварии ҷинсӣ кардаанд ва мардуми шаҳри Омерлиро дар муҳосира қарор додаанд.
Дунетело Ревуро аз Афви Байналмилал, рӯзи душанбе, аввали сентябр, гуфт: "Гурӯҳи Давлати Исломӣ ҷароими даҳшатноке муртакиб шуда ва дар манотиқи атрофи шаҳри Синҷор ҳамоме аз хун ба роҳ андохта, то корзори худ барои аз миён бардоштани ғайрисунниҳо ва ғайриарабҳоро ба пеш бибарад."
Имрӯз ҳамчунин Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид ҷаласае изтирорӣ дар иртибот бо буҳрони Ироқ ташкил дод ва бо тасвиби қатъномае ҳайъати вижаеро маъмури баррасӣ дар бораи ҷароими ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият эҳтимоле, ки дар Ироқ ва аз замони авҷгирии даргириҳо рӯйдода, кард
Муъовини Ҳуқуқи Башари СММ дар ин ҷаласа гуфт нерӯҳои гурӯҳи Двлати Исломӣ (Доъиши собиқ) ба таври муназзам ва ҳадафдор шаҳрвандони ғайринизомиро ҳадаф қарор дода; ба иҷбор "мусалмонон" кардаанд; аз онҳо баҳраварии ҷинсӣ кардаанд ва мардуми шаҳри Омерлиро дар муҳосира қарор додаанд.
Фловиё Пансиерӣ дар ҷаласае, ки вижаи буҳрони Ироқ дар СММ ташкил шуда буд, гуфт ироқиёни масеҳӣ, эзадӣ, туркман, шабак, сабоӣ, кокоӣ ва шиъа ҳамагӣ тавассути гурӯҳи Давлати Исломӣ мавриди "азият ва озори бераҳмона" қарор гирифтаанд ва ин гурӯҳ "сангдлона ба иқдомоте даст зада, ки дар мавориде баробари поксозии қавмӣ ва мазҳабӣ будааст."
Муҳаммад Шиъа Алсудонӣ, намояндаи Ироқ дар ин шӯро, ҳам имрӯз гуфт: "Мо бо як ҳаюлои терурист рӯбарӯ ҳастем."
Вай ва хонуми Пансиерӣ дар ҳузури аъзои Шӯрои ҳуқуқи Башари СММ таъкид карданд, ки "шавоҳиди қавие" аз вуқӯъи ҷиноят алайҳи башарият дар манотиқи таҳти кунтрули шибҳнизомиёни ифротигарои Давлати Исломӣ дар Ироқ вуҷуд дорад.
