Гурӯҳи Давлати Исломӣ видиюи 'сар буридани як хабарнигори омрикоии дигарро' мунташир кард

  • 3 Сентябр, 2014
Истивен СотлуфImage copyrightReuters
Image caption Оқои Сотлуфи 31-сола тобистони гузашта дар Сурия нопадид шуд

Шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ бо интишори видиюе тоза эълом кардаанд Истивен Сотлуф, як хабарнигори омрикоии дигарро сар буридаанд.

Дар пайи интишори ин видию, Борок Убомо 350 нерӯи дигар ба Ироқ эъзом карда ва мақомҳои омрикоӣ аз идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ба пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ хабар додаанд.

Асолати видиюии ҷадиди гурӯҳи Давлти Исломӣ ҳанӯз расман таъйид нашудааст, аммо Кохи Сафед гуфта, ки мақомҳои омрикоӣ дар ҳоли баррасии тасовири мунташиршуда ҳастанд.

Дейвид Комерун, нахуствазири Бритониё, низ видиюи мунташиршударо "мутлақан наратангез" тавсиф кардаааст.

Оқои Сотлуф, 31-сола, тобистони гузашта дар наздикии шаҳри Ҳалаб, воқеъ дар шимоли Сурия, нопадид шуд.

Дар видиюе, ки севуми сентябр мунташир шуд, фарде ки ба назар меояд Истивен Сотлуф бошад, бо либоси норинҷӣ дар маконе номаълум рӯйи замин зону задааст ва фарде сиёҳпӯш ва ниқобдор, ки чоқу дар даст дорад, дар канораш дида мешавад.

Оқои Сотлуф дар ин видию ба Борок УКбомо мегӯяд: "Ту милюнҳо дулор аз маҳалли молиёти мардум ҳазина кардаӣ ва мо дар набардҳои қаблӣ бо Давлати Исломӣ ҳазорон сарбозро аз даст додаем. Мардум аз оғози муҷаддади ин ҷанг чӣ нафъе мебаранд?"

Истивен Сотлуф дар гузашта барои маҷалаи Тойм, нашрияи Форейн Полисӣ ва низ Кристиян Сойенс Монитур кор мекард ва дар Миср, Либӣ ва Сурия собиқаи хабарнигорӣ дошт.

Image copyrightGetty
Image caption Истифен Сотлуф дар Миср, Либӣ ва Сурия собиқаи хабарнигорӣ дошт

Марди ниқобпӯш ҳам, ки садои мушобеҳи мардеро дорад, ки дар видиюи қаблии гурӯҳи Давлати исломӣ як хабарнигори омрикоии дигарро сар бурида буд, мегӯяд коре, ки мехоҳад бикунад, (буридани сари қурбонӣ) ба талофии ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ хоҳад буд.

Ӯ мегӯяд: "Убомо, ман баргаштаам ба хотири сиёсати хориҷии мубтакиронаи ту дар баробари Давлати Исломӣ, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои мо (идома дорад)."

Ӯ меафзояд: "Аз ин фурсат барои ҳушдор додан ба кишварҳое истифода мекунем, ки вориди эътилофи шайтонӣ алайҳи (гурӯҳи) Давлати Исломӣ бо ҳамроҳии Омрико шудаанд."

Дар интиҳои видию ҳам фарди дигаре дар либоси норинҷӣ нишон дода мешавад, ки рӯйи замин зону задааст. Вай ҳушдор медиҳад, ки ин фард, ки иддаъо мешавад бритониёӣ аст, қурбонии баъдӣ хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта видиюе мунташир шуд, ки дар он як узви Доъиш Ҷеймз Фулиро "ба талофи ҳамалоти Омрико" алайҳи ин гурӯҳ дар Ироқ сар бурид.

Дар интиҳои он видию Истивен Сотлуф нишон дода шуд ва таҳдид шуа буд, ки агар Омрико ба ҳамалоти худ идома диҳад, ҷони оқои Сотлуф ҳам дар хатар хоҳад буд.

Матолиби муртабит