Убомо: Кишварҳои исломӣ барои муқобала бо гурӯҳи Давлати исломӣ ҳамкорӣ кунанд

  • 3 Сентябр, 2014
Борок УбомоImage copyrightEPA
Image caption Убомо: шикасти Давлати исломӣ мусталзами талоши муштараки байналмилалӣ аст

Раиси ҷумҳурии Омрико талоши муштараки байналмилалӣ барои муқобала бо гурӯҳи мавсум ба Давлати исломиро лозим донистааст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 12 шаҳривар (3 сентябр) Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст, ки тазъифи нерӯҳои Давлати исломӣ то аз миёни бурдани таҳдиде, ки мутаваҷҷеҳи амнияти минтақа мекунанд, иқдоме замонбар хоҳад буд.

Оқои Убомо афзудааст, ки ҳамалоти ҳавоии Омрико ба мавозиъи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ дар Ироқ ибтикори амалиётиро аз онон гирифта ва марҳалаи баъдӣ барои шикасти ин гурӯҳ шомили "як истиротижии минтақаӣ дар замин ва ҳаво" хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Омрико, ки дар як конфаронси хабарӣ дар пойтахти Эстунӣ ширкат дошт, гуфт ки барои мубориза бо "тафаккуроти ваҳшиёна ва бепояе, ки Давлати исломӣ намояндаи он аст, мусталзами талоши муштараки байналмилалӣ аст" ва ибрози итминон кард, ки кишварҳои араб ва мусалмон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даст дар дасти ҳам дар ҷиҳати мунзавӣ кардани "ин ғуддаи саратонӣ" ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Қарор аст чанд тан аз мақомоти аршади давлати Омрико ҷиҳати ҷалби ҳимоят ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар муқобала бо хатари Давлати исломӣ аз ин кишварҳо дидан кунанд.

Рӯзи гузашта гурӯҳи Давлати исломӣ - Доъиши собиқ - як навори видиюии ҳовии тасовири гардан задани Истивен Сотлуф, хабарнигори Омрикоро мунташир кард ва дар пайи он Иёлоти Муттаҳида зимни эъломи тасмим ба эъзоми сесаду панҷоҳ низомии дигар ба Ироқ барои ҳифозат аз ҷони омрикоиҳо дар он кишвар аз ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи шибҳнизомиёни Давлати исломӣ дар Ироқ хабар дод.

Image copyrightinternet
Image caption Убомо гуфтааст қатли Истивен Сотлуф Омрикоро маръуб накардааст

Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт, ки "ваҳшигарии ин гурӯҳ тамомии Омрикоро мунзаҷир кардааст, аммо чунин иқдомоти нафратоваре моро маръуб намекунад, балки боъиси ваҳдати бештари мо мешавад." Вай ҳушдор дод: "Дасти адолати мо дароз аст ва саранҷом адолатро иҷро хоҳем кард."

Истивен Сотлуф дар Сурия ба асорати нерӯҳои Доъиш даромада буд ва ин гурӯҳ зоҳиран ба талофии амалиёти ҳавоии Омрико дар Ироқ ӯро ба қатл расонд. Моҳи гузашта ин гурӯҳ як хабарнигори дигари омрикоӣ ба номи Ҷеймз Фулиро, ки дар асорати худ дошт гардан зад ва филми видиюии онро дар интернет гузошт.

Гурӯҳи мавсум ба Давлати исломии Ироқ ва Шом - Доъиш - дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия қудрат гирифт ва тавонист бар бахшҳое аз хоки он кишвар мусаллат шавад. Ин гурӯҳ бо убур аз марз бахшҳое аз хоки Ироқро низ дар ихтиёр гирифт ва дар моҳи июни соли ҷорӣ шаҳрҳои Мусил ва Тикритро ба тасарруф даровард ва ба пешравӣ ба суи манотиқи дигар идома дод.

Ин гурӯҳ сипас эълом кард, ки дар манотиқи таҳти ишғоли худ дар Сурия ва Ироқ давлати исломӣ ташкил додааст ва Абӯбакр Албағдодиро ба унвони Халифа ва раҳбари мусалмонони ҷаҳон муъаррифӣ кард.

Дар пайи пешравии шибҳнизомиёни ин гурӯҳ ба суи иқлими худмухтори Курдистони Ироқ Иёлоти Муттаҳида ба манзури ҳифозат аз ҷони шаҳрвандони омрико ӣ дар ин минтақа ба як ришта ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи Давлати исломӣ даст зада ва гуфтааст, ки ин амалиёт монеъ аз пешравии бештари онон шудааст.

Матолиби муртабит