Вазорати хориҷаи Афғонистон: Шаҳрвандони афғон ба гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ пайвастаанд
Image copyrightБа дунболи пахши хабари дастгирии шаҳрвандони афғон дар Эрон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Эрон, давлати Афғонистон таъйид карда, ки шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон ба ин гурӯҳ пайвастаанд.
Сироҷиддини Сироҷ, муъовини сухангӯйи вазорати хориҷаи Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки такзиб намекунад, ки шуморе аз шаҳрвандони афғон монанди шаҳрвандони шуморе дигар аз кишварҳо ба гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ мулҳақ шудаанд.
Ӯ афзуд, ки ин афрод ба сурати фардӣ дар ҷанги Ироқ ширкат кардаанд ва ангезаашон эътиқодоти мазҳабии онҳост.
Муъовини сухангӯйи вазорати хориҷаи Афғонистон шумори ин афродро мушаххас накард ва нагуфт аз чи тариқ ба Ироқ рафтаанд.
Пештар Абдулризо Фазлӣ, вазири кишвари Эрон, гуфта буд теъдоде аз шаҳрвандони афғон, ки шумори онҳо эълом нашуда, ба ҳамроҳи шаҳрвандон покистонӣ, ки қасд доштанд аз тариқи Эрон ба Ироқ бираванд ва ба Давлати Исломӣ бипайванданд, дастгир шудаанд.
Муъовини сухангӯйи вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, ки ин хабарро аз тариқи манобеъи расонаӣ дарёфт карда, аммо то ҳол аз тариқи манобеъи расмӣ ин мавзӯъ таъйид нашудааст.
Ӯ афзуд, ки ин хабар мубҳам аст, чаро ки мушаххас нест дастгиршудагон чанд тан ҳастанд, аз куҷо омада буданд ва ба куҷо мераванд.
Оқои Сироҷ гуфт, ки дар гузашта иддаъо шуда буд, ки давлати Эрон барои ҳимоят аз давлати Башор Асад дар Сурия аз нерӯи инсонии муҳоҷирони афғон истифода кардааст, аммо давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин иддаъоро рад кард.
Ин мақоми вазорати хориҷаи Афғонистон таъкид варзид, ки мавзеъи расмии давлати ин кишвар ин аст, ки ба ҳеҷ давлат ва кишваре иҷоза намедиҳад, ки аз имконот ва шаҳрвандони ин кишвар дар ростои манофеъи худ сӯистифода кунад.
Қаблан фарде, ки худро аз фармондеҳони Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддини Ҳикматёр муъаррифӣ мекард, ба Ҷон Симпсун, сардабири умури ҷаҳонии Би-би-сӣ, дар Бағлон дар шимоли Афғонистон гуфта буд, ки ин ҳизб бо гурӯҳи Давлати Исломӣ иртибот дорад. Бо ин ҳама, Ҳоруни Зарғун, сухангӯйи Ҳизби исломӣ дар Покистон дар иртибот бо расонаҳо, ин иддаъоҳоро такзиб кард.
