Талошҳои тоза барои ёфтани ҳавопаймои AirAsia дар қаъри дарё
Image copyrightepaБо пайвастани як тими ҷустуҷугари фаронсавӣ, талошҳо барои ёфтани бақоёи парвози AirAsia дар қаъри дарёи Ҷова идома ёфт. Ҳамзамон аввалин хоксупорӣ барои яке аз қурбониёни ин сонеҳа баргузор шуд.
Рӯзи ҷумъа як тим аз муттахасисони савонеҳи фаронсавӣ бо истифода аз дастгоҳҳои маконёбии савтӣ талоши худро барои ёфтани ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои AirASia оғоз кард.
Ин ҳавопаймо рӯзи шанбе (27 декабр) бо 142 сарнишин дар обҳои Индунезӣ аз сафҳаи родор гум шуд.
Гузориш шуда то кунун 10 нафар аз мусофирони парвози QZ8501 пайдо шудаанд.
Ҳамзамон ҷасади Лутфия Ҳамид, аке аз мусофирони индунезиёии ин ҳавопаймо дар Суробоё, шаҳре ки ҳавопаймо аз онҷо парвози худро оғоз кард, ба хок супурда шуд.
Акнун, пас аз панҷ рӯзи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани бақоёе аз лошаи ин ҳавопаймо, ҷустуҷугарон тақрибан яқин доранд, ки парвози QZ8501 дар бистари дарёи Ҷова нишастааст.
Онҳо ҳамчунин муътақиданд, ки аҷсоди мусофирони ин парвод ҳануз дар дохили кобини ҳавопаймо аст.
Рӯзи ҷумъа масъулони ҷустуҷӯ қитъаъотеро ба хабарнигорон нишон доданд, ки гуфта шуда метавонад бахше аз боли ҳавопаймо бошад. Сингопур, ки мақсади ин парвоз буд бо эъзоми киштиҳои муҷаҳҳази ташхис дар ҷустуҷӯ барои пайдо кардани ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо мушорикат кардааст.
Молезӣ, Устролиё ва Тойлонд ҳам дар ин ҷустуҷӯҳо ба Индунезӣ кумак мекунанд ва Омрико бо эъзоми номи ҷангии Симпсун ба ин минтақа ба кумаки тимҳои имдодӣ рафтааст.
