Керрӣ хостори “шикебоӣ” барои ба бор нишастани музокироти Эрон шуд
Image copyrightAFPҶон Керрӣ, вазири умури хориҷи Омрико, гуфтаст, ки музокирот бо Эрон раванде рӯ ба ҷилав дорад ва агар тарафҳои даргир бурдборӣ нишон диҳанд, “пешрафте малмус” ҳосил хоҳад шуд.
Ӯ дар кунфронси муассисаи мутолиъотии Брукингз дар Вошингтун гуфт, ки пешниҳодҳои тозае барои расидан ба тавофуқе тӯлонитар ироа шуда ва умедвор аст, ки чаҳорчӯби тавофуқи ҷомеъ то поёни моҳи март ба даст ояд.
Ҷон Керрӣ афзуд: “Қарор нест, ки то абад музокира кунем. Набудани пешрафти назаррас, поёни музокирот аст.”
Ҳамзамон нахуствазири Исроил дар суханоне, ки аз қабл забт шуда буд, дар ҳамин кунфронс гуфт, ки тамдиди музокироти атумӣ бо Эрон бояд барои афзоиши фишор бар Теҳрон ба кор равад, то аз қобилиятҳои атумӣ дар заминаи низомӣ даст бардорад.
Оқои Нетонёҳу аз ин ки шаш қудрати ҷаҳонӣ дар гуфтугӯи ахири Виен эҳсос накарданд маҷбуранд то ба ҳар тариқи мумкин бо Эрон тавофуқе анҷом диҳанд, ибрози хурсандӣ кард ва гуфт чунин тавофуқе дар сурати имзо “Эронро дар остонаи атумӣ шудан қарор медод.”
Ба гуфтаи оқои Керрӣ раванди рӯ ба ҷилав дар музокира бо Эрон вуҷуд дорад ва агар тарафҳои даргир бурдборӣ нишон диҳанд, “пешрафте малмус” ҳосил мешавад.
Моҳи қабл дар музокироти гурӯҳи мавсум ба 5+1 шомили кишварҳои Олмон ва панҷ узви доими Шӯрои Амният (Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса) бо Эрон муқаррар шуд, ки гуфтугӯҳои тарафайн то моҳи июли 2015 тамдид шавад ва то поёни моҳи март чаҳорчӯбе барои расидан ба тавофуқи ҷомеъ ҳосил шавад.
Нахуствазири Исроил гуфт, ки зарур аст, ки аз вақти тамдидшуда барои эҷоди фишори бештар бар Эрон истифода шавад, то ин кившар собит кунад, ки барномаи атумиаш моҳияте сулҳомез дорад: “Бояд ба Эрон фишор биоварем, то аз барномаи атумӣ бо қобилияти низомӣ даст бардорад.”
Оқои Неитонёҳу ба наҳваи фишори бештар ба Эрон ишора накард.
Ахиран бархе мақомҳои исроилӣ ва намояндагони кунгреи Омрико аз Кохи Сафед хостаанд, ки таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон эъмол шавад, аммо давлати Борок Убомо бо муқовимат дар баробари ин хоста муътақид аст, ки чунин иқдоме тахаллуф аз тавофуқи муваққатӣ аст, ки пештар бо Эрон имзо шудааст.
Оқои Керрӣ дар суханрониаш, ки баъд аз пахши паёми видиюии Нетонёҳу анҷом шуд, дар ихтилофи назари Омрико ва Исроил бар сари шеваи мувоҷеҳа бо Эрон таъкид кард, аммо ҳадафи муштараки ҳар ду кишварро яке донист.
Вазири хориҷаи Омрико гуфт: “Мо мумкин аст гоҳе дар бораи токтики рӯёрӯӣ бо Эрон ихтилофи назар дошта бошем, аммо вақте ҳадафе истротежик монанди манъи силоҳи атумӣ матраҳ мешавад, заррае ихтилоф байни Исроил ва Омрико нест.
Ба гуфтаи оқоқи Керрӣ, тавофуқи муваққати атумӣ бо Эрон ҳанӯз ба қуввати худ боқист ва тарс аз ин ки тарафи эронӣ бихоҳад дар музокирот фиребкорӣ кунад, собит нашудааст.
