Омрико: Дар музокира бо Эрон ихтилофҳои ҷиддӣ ҳамчунон боқист

  • 22 Ноябр, 2014

Бо наздик шудани муҳлати зарбулаҷали тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои узви Гурӯҳи 'Панҷ ба иловаи як' музокироти Виян вориди як марҳилаи ҳаётӣ шуда, аммо нишоне аз пешрафте қобили таваҷҷуҳ ба чашм намехӯрад.

Омрико мегӯяд дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон ихтилофҳои ҷиддӣ ҳамчунон ба қуввати худ боқист, аммо Вошингтун башиддат дар талош аст, ки қабл аз зарбулаҷали рӯзи душанбе ин ихтилофотро бартараф кунад.

Бино бар гузоришҳо, Ҷон Керӣ ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазирони хориҷаи Омрико ва Эрон, барои аз байн бурдани бунбасти мавҷуд дар ҳоли кор бар рӯи тарҳҳои тозае барои ироа ба давлатҳояшон ҳастанд.

Оқои Керӣ рӯзи ҷумъа тасмим гирифт бештар дар Виян бимонад.

Ҷон Керӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Котрин Аштун, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон, ҷумъашаби 30 обон (21 ноябр) севумин нишасти сеҷонибаи худро баргузор карданд.

Аввалин нишасти сеҷониба аз ин даст шомгоҳи рӯзи панҷшанбеи 29 обон ва бо вуруди Ҷон Керӣ ба Виян баргузор шуд ва тарафайн субҳи рӯзи ҷумъаи 30 обон барои дувумин бор дар ин давр аз музокирот дар Виян дидор карданд.

Дар ин музокирот Эрон ва панҷ узви доими Шӯрои Амниятии Созмони Милал (Омрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса) ба изофаи Олмон, мавсум ба Гурӯҳи 'Се ва се', ширкат доранд.

Ҳадаф аз он ҳусули як тавофуқи ҷомеъ ва доимӣ бар сари ҷанбаҳои мавриди ихтилофи барномаи ҳастаии Эрон ба унвони ҷойгузине барои як тавофуқи муваққатист, ки як сол пеш ҳосил шуд.

Тавофуқ дар ин музокирот метавонад роҳро барои лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон боз кунад.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, аммо Эрон ҳамвора зимни радди ин иттиҳом бар сулҳомез будани барномаи ҳастаияш таъкид кардааст.

Эрон мегӯяд, ки ғанисозии урониюмро танҳо барои таъмини сӯхти нерӯгоҳҳои ҳастаии худ дунбол мекунад.

Image copyrightAP

Матолиби муртабит