Музокироти ҳастаии Зариф, Керрӣ ва Аштун дар Умон оғоз шуд

  • 9 Ноябр, 2014
Муҳаммадҷавод Зариф, Ҷон Керрӣ, Катрин АштунImage copyrightReuters

Умон имрӯз мизбони даври ҷадиди музокироти вузарои умури хориҷаи Эрон ва Омрико бо ҳузури намояндаи Иттиҳодияи Урупо аст.

Музокироти Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикоии ӯ ва Катрин Аштун, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Масқат, пойтахти Умон оғоз шудааст.

Эрон ва Ғарб то 24 ноябр (15 рӯзи дигар) фурсат доранд то бар сари барномаи таҳқиқоти ҳастаии Эрон ба тавофуқе ҷадид бирасанд.

Оқои Зариф пеш аз оғози музокирот дар Масқат гуфт "бояд ба роҳи ҳалле мубтанӣ бар эҳтиром ва ҳамкории мутақобил даст пайдо кунем."

Ӯ гуфт агар Ғарб ба расидан ба чунин роҳи ҳалле алоқаманд бошад "имкони ин ки то пеш аз 24 ноябр роҳи ҳалле ёфта ва ба тафоҳум даст ёбем вуҷуд дорад."

Дар сурати адами тавофуқ таҳрими густардатари иқтисодӣ алайҳи Эрон эъмол хоҳад шуд.

Эрон иддаъои қудратҳои ғарбӣ мабнӣ бар талош барои сохти бумби атумиро инкор мекунад.

Он кишвар мегӯяд барномаи таҳқиқотии ғанисозии урониюм масорифи сулҳомез дорад ва барои таъмини сӯхти нерӯгоҳи ҳастаӣ ва ҳамчунини тавлиди родиюизутупи доруӣ аст.

Гузоришҳои ғайрирасмӣ аз ҳузури Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири олии раҳбари Эрон дар заминаи сиёсати хориҷӣ дар ин музокирот низ ҳикоят доранд.

Эрон соли гузашта пас аз интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳур бо давлатҳои Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин (гурӯҳи мавсум ба 5+1) ба тавофуқ расид то дар ивази коҳиши асари таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи он кишвар, таҳқиқоти атумии худро маҳдудтар кунад.

Алорағми пешрафти музокирот дар тӯли соли гузашта ду тараф ҳанӯз бар сари зарфияти боқии Эрон барои ғании созии урониюм ва суръати рафъи таҳримҳои иқтисодӣ ба тавофуқ нарасидаанд.

Бо ин ҳол ду тараф аз авоқиби адами ҳусули тавофуқи пеш аз 26 ноябр ибрози нигаронӣ кардаанд ва медонанд, ки дар остонаи як фурсати торихӣ қарор доранд.

Оқои Керрӣ гуфтааст, ки эҳтимоли ҳамкорӣ бо Эрон дар муқобала бо гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) рабте ба музокироти атумӣ надорад.

Матолиби муртабит