Поёни дидори Зариф ва Аштун дар Ню-йурк
Image copyrightnaМуҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва сарпарасти Гурӯҳи 5+1 чаҳоршанбе баъд аз зуҳр дар манзили сафири Эрон дар Созмони Милал дар Ню-Йурк дидор кардаанд.
Ин дидор, ки се соъату ним тӯл кашид дар қолаби як ноҳори корӣ барномарезӣ шуда буд ва ҳадафи он танзими барномаи музокироти ҷомеъи атумӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ аст, ки ба таври расмӣ аз рӯзи ҷумъа дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал баргузор мешавад.
Оқои Зариф пеш аз оғози дидор бо хонуми Аштун дар мусоҳибае бо родиюи Эн-пи-ор, ки ба таври зинда пахш мешуд, гуфт, ки Эрон омодаи музокира барои тавофуқи ниҳоӣ аст.
Қарор аcт дар сурати ҳусули тавофуқи ниҳоӣ, ки бояд пеш аз 24 ноябр бошад, парвандаи атумии Эрон ба шакли ниҳоӣ ҳаллу фасл ва таҳримҳо алайҳи ин кишвар лағв шавад.
Эрон ва Гурӯҳи 5+1 рӯзи панҷшанбе ба музокира барои ҳаллу фасли ниҳоии ихтилофот бар сари барномаи ҳастаии Эрон мепардозанд.
Эҳтимол дорад, ки вазирони хориҷаи Эрон ва 5+1 дар ҳошияи Маҷмаъми Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо якдигар музокира кунанд. Вазорати хориҷаи Омрико чаҳоршанбе эълом кард, ки тимҳои намояндагии Эрон ва Омрико имшаб ва фардошаб дидорҳои дуҷониба хоҳанд дошт.
Гузоришҳо аз Теҳрон ҳам ҳокист, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал озими Ню-Йурк аст, бо бархе аз сарони кишварҳои Гурӯҳи 5+1 дидор хоҳад кард.
Вендӣ Шерман, намояндаи Омрико дар Гурӯҳи 5+1, гуфтааст даври баъдии музокирот мумкин аст охирин фурсат барои ҳалли нигарониҳои байналмилалӣ дар мавриди барномаи атумии Эрон бошад ва Аббоси Ароқчӣ, ҳамтои эронии ӯ ҳам гуфта пас аз поёни муҳлати таъйиншуда расидан ба тавофуқ бисёр душвор мешавад.
Мутобиқи тавофуқи Эрон ва Гурӯҳи 5+1 муҳлати музокирот бо тамдиди тавофуқи Женев то 23 ноябр хоҳад буд.
