Дидори Муҳаммадҷаводи Зариф ва Котрин Аштун барои таъйини меҳварҳои тавофуқи ҷомеъи ҳастаӣ

  • 1 Сентябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Оқои Зариф ахиран гуфта буд чорчӯби тавофуқи атумӣ омада аст

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, барои даври тозае аз гуфтугӯ бо Котрин Аштун, масъулим сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо, рӯзи душанбеи 10 сентябр вориди Бруксел, пойтахти Белжик, шудааст.

Қарор аст дар ин гуфтугӯҳо меҳварҳои аслии музокирот барои расидан ба тавофуқи ҷомеъи ҳастаӣ мушаххас шавад.

Даври ҳафтуми музокироти ҷомеъи ҳастаӣ байни Эрону Гурӯҳи 5+1 ҳамин моҳ дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йурк анҷом хоҳад шуд.

Дар поёни тирмоҳ (июл) муҳлати шашмоҳаи тавофуқи муқаддамотии Женев, ки озармоҳ (ноябр-декабр)-и соли гузашта ҳосил шуд, ба поён расид.

Эрон ва Гурӯҳи 5+1 муҳлати ин тавофуқро то севуми озар (24 ноябр)-и имсол тамдид карданд, то битавонанд ба як тавофуқи ҷомеъ дар заминаи парвандаи атумии Эрон бирасанд ва таҳримҳо алайҳи Эрон низ лағв шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Омрико, ду рӯз пеш ширкатҳо ва афроди тозаеро ба иттиҳоми "кумак ба барномаи ҳастаии Эрон, ҳимоят аз терурисм ва ёрӣ додани Эрон дар давр задани таҳримҳо" дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ,дар вокуниш ба ин иқдом гуфт: "дар ҳоле ки мо дорем барои тавофуқи ниҳоӣ музокира мекунем, ин гуна эъмол на бо сиёсати ҳалли муъзилоти ҷаҳонӣ аз тариқи музокира созкор аст, на бо масири эътимодсозӣ."

Ба гуфтаи оқои Ароқчӣ "пур кардани фосилаҳо, ки дар бархе маворид бисёр густардаанд, сахт аст."

Бо ин ҳо,л оқои Рӯҳонӣ таъкид кард, ки "ҳама ҳафт кишвар, ки дар музокироти Гурӯҳи 5+1 ҳузур доранд, дунболи ҳаллу фасли масъала ҳастанд, чун таҳрим роҳе иштибоҳ ва ба зарари ҳама будааст."

Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт Эрон "талош хоҳад кард, ки таҳримҳоро давр бизанад" чун ин таҳримҳоро ғайриқонунӣ медонад.

Вазири хориҷаи Эрон пас аз гуфтугӯ бо хонуми Аштун ба Лукзомбург меравад ва сипас ба даъвати Федерико Мугринӣ, вазири хориҷаи Итолиё, ба ин кишвар сафар хоҳад кард.

Федерико Мугринӣ, вазири хориҷаи Итолиё, шанбе дар иҷлоси сарони Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел ба унвони ҷонишини Котрин Аштун барои сарпарастии сиёсати хориҷии ин иттиҳодия интихоб шуд.

Давраи фаъъолияти хонуми Аштун ба унвони раиси ҳайъати музокиракунандаи 5+1 дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон моҳи октябр ба поён мерасад, аммо қарор аст ӯ то поёни муҳлати тамдидшуда (24 ноябр) ҳамчунон ҳидояти музокироти ҳастаиро бо Эрон ба уҳда дошта бошад.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, дар сафари вазири хориҷа ва тими музокиракунандаи Эрон ба Урупо дидорҳое ҳам миёни Эрон ва се кишвари урупоии Инглис, Фаронса ва Олмон анҷом хоҳад шуд

Даври баъдии музокироти Эрон ва 5+1 авохири сентябр пеш аз баргузории нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал анҷом мешавад.

Матолиби муртабит