Ароқчӣ пас аз музокира бо Омрико: Ихтилофот ба қуввати худ боқист
Image copyrightMehrМузокироти диплумотҳои Эрон ва Омрико дар Женеви Суис, ки рӯзи душанбе оғоз шуда буд, пас аз 11 соъати гуфтугӯ ба поён расид.
Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон ва аз аъзои аслии гурӯҳи эронӣ, фазои ҳоким бар музокиротро мусбат хонд, аммо гуфт "ихтилофот ҳанӯз ба қуввати худ боқист."
Оқои Ароқчӣ гуфт: "Табодули назарҳои хубе анҷом шуд, ки дар остонаи даври баъдии музокирот дар Виян муфид буд."
Морӣ Ҳерф, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, ҳам эълом карда, ки кишвараш мусаммим ба дастёбӣ ба тавофуқ то поёни муҳлати шашмоҳа (29 тир) аст, аммо гуфта, ки бояд тасмимоти сахте гирифта шавад.
Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса, мегӯяд теъдоди сонтрифужҳои Эрон мушкили аслии музокироти атумӣ аст.
Музокиракунандагони Эрон Аббоси Ароқчӣ ва Маҷиди Тахтравончӣ, муъовинони вазорати умури хориҷа, Ҳамиди Баъидинижод, мудири кулли сиёсӣ ва амнияти байналмилал, Довуди Муҳамадниё, мушовири ҳуқуқии вазири умури хориҷа ва Пажмони Раҳимиён, аз мудирони аршади Созмони энержии атумӣ, буданд.
Аъзои гурӯҳи музокиракунандаи Омрикоро ҳам Вилём Бурнз, муъовини вазири хориҷаи Омрико, Вендӣ Шерман, мудири кулли ин вазоратхона, Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии муъовини раисҷумҳур, Брук Андерсун, собиқ намояндаи Омрико дар Созмони Милал, Ҷеймз Тимбӣ, мушовири аршади кунтрули силоҳ, ва Роберт Молӣ, мушовири аршади Ховари Миёна дар шӯрои амнияти миллии Омрико, ташкил медоданд.
Қарор аст диплумотҳои эронӣ субҳи чаҳоршанбе музокироти дуҷонибае бо ҳамтоёни фаронсавии худ дар Женев анҷом диҳанд ва сипас бо сафар ба Рум баъд аз зуҳри ҳамин рӯз бо диплумотҳои Русия гуфтугӯ кунанд.
Даври панҷуми музокироти ҷомеъи атумии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" қарор аст ҳафтаи оянда дар Виян оғоз шавад.
Дар ҳоле ки 40 рӯз то поёни давраи шашмоҳаи тавофуқи муваққати Женев боқӣ мондааст, қарор аст тайи музокироти ҷомеъ тавофуқе доим барои ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи Эрон ва рафъи куллияи таҳримҳо ҳосил шавад.
