'Лағви' барномаи шоми Ҷавод Зариф ва Котрин Аштун дар Виен

  • 18 Март, 2014
Image copyrightAP
Image caption Зариф ва Аштун пас аз даври қаблии музокироти Виен, ки ду тараф онро "мусбат" тавсиф карданд

Хабаргузории расмии давлати Эрон ва манобеъи хабарии дигар дар Теҳрон гузориш додаанд, ки душанбешаб қарори шоми кории Муҳаммадҷавод Зариф ва Котрин Аштун дар Виен "лағв шудааст."

Тибқи ин гузоришҳо, иллати "лағви" ин барномаи вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси сиёсати хориҷи Урупо, дидори хонуми Аштун бо фаъъолони ҳуқуқи башар ва модари Саттори Биҳиштӣ дар Теҳрон будааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузори "Меҳр" аз қавли хабарнигори эъзомиаш ба Виен навишта, ки ин барномаи шом аз ибтидо дар дастури кор набудааст.

Ҳайъати эронӣ ва музокиракунандагони кишварҳои 5+1 ба Виен, пойтахти Утриш, рафтаанд, то рӯзи сешанбеи 18 март музокиротро барои дастёбӣ ба як тавофуқи ниҳоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон аз сар бигиранд.

ИРНО навишта, ки Муҳаммадҷавод Зариф ин барномаи шомро лағв кардааст.

Ин хабаргузории расмии давлат навиштааст: "Пешбинӣ мешуд ин зиёфати шоми корӣ, соъоте пас аз вуруди тими музокиракунандаи ҳастаӣ ба Виен баргузор шавад."

Дар бораи ин ки Муҳаммадҷавод Зариф ва Котрин Аштун барои душанбешаб қарори шом доштаанд ва ин ки ин барнома "лағв" шуда бошад, тарафи урупоӣ ҳанӯз изҳори назаре накардааст.

Котрин Аштун дар ҷараёни сафари ҳафтаи гузаштаи худ ба Теҳрон дар сафорати Утриш бо гурӯҳе аз фаъъолони ҳуқуқи башар ва Гавҳари Ишқӣ дидор кард.

Image copyrightna
Image caption Дидори Котрин Аштун бо гурӯҳе аз фаъъолони ҳуқуқи башар ва модари веблогнависе, ки дар боздошти пулиси Теҳрон кушта шуд, эътирози густардаи усулгароёнро дар пай дошт.

Хонуми Ишқӣ, модари Саттори Биҳиштӣ аст; веблогнависе, ки соли гузашта дар боздошти пулиси Теҳрон кушта шуд.

Ин дидор эътирози густардаи чеҳраҳои усулгаро, аз ҷумла интиқоди раиси маҷлис ва эътирози шадидтари қувваи қазоияро барангехт.

Расонаҳои аслӣ низ дар Эрон, ки ағлаб ба усулгароён наздканд, ин эътирозҳо ва интиқодҳоро фаровон пӯшиш доданд.

Дидори Зариф ва Аштун; рӯзи сешанбе, қабл аз музокирот

ИРНО навиштааст шомгоҳи душанбе Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷа ва раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон бо Ҳелго Ишмит, муъовини раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дидор кардааст.

Тибқи ин гузориш, қарор аст Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, субҳи сешанбе бо якдигар дидор кунанд ва сипас даври дувуми музокироти Виен барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоии Эрон ва 5+1 бо ҳузури ин ду оғоз шавад.

Эрон ва кишварҳои Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон дар ноябри 2013 дар Женев тавофуқ карданд, ки дар як фурсати шашмоҳа барои расидан ба як тавофуқи ҷомеъ ва ниҳоӣ дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон талош кунанд.

Тибқи ин тавофуқ, дар ин муддат Эрон тавсиъабахшӣ аз фаъъолиятҳои ҳастаиии худро мутаваққиф карда ва иҷозаи назорати бештар додааст. Дар тарафи муқобил ҳам бахше аз таҳримҳо алайҳи Эрон лағв шуда ва бахше аз даромадҳои масдудшудаи Эрон дар чанд гом ба Теҳрон бозгардонда мешавад.

Мақомоти эронӣ ва омрикоӣ таъкид кардаанд музокирот барои расидан ба як тавофуқи ниҳоии душвор ва пурдастандоз аст ва дар айни ҳол дар бораи он ибрози умедворӣ кардаанд.

Матолиби муртабит