Котрин Аштун бо Наргис Муҳаммадӣ ва Гавҳар Ишқӣ дидор кард
Image copyrightnaКотрин Аштун аввалин сафари худ ба Теҳронро бо дидор бо Наргис Муҳаммадӣ, аз фаъъолони ҳуқуқи зан ва Гавҳар Ишқӣ, модари Саттор Биҳиштӣ, яке аз зиндониёни кушташуда дар Эвин оғоз кард.
Хонуми Аштун дар Теҳрон ба хабарнигори Би-би-сии ҷаҳонӣ гуфт мо аз ибтидо дар тарҳи мавзеъамон дар хусуси ҳуқуқи башар дар Эрон хеле сареҳ будаем.
Хонуми Аштун, ки 5 фаъъоли зани дигарро низ дар ибтидоии сафари худ ба Теҳрон мулоқот кардааст, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт барои ман ба таври хос хеле муҳим буд, ки ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии зан аз занон бишнавам аз назари онҳо чи тавр метавон шароитро тағйир дод.
Хонуми Аштун ҳамчунин дар баёнияе, ки дар поёни сафари худ ба Теҳрон мунташир карда, ба дидори худ бо фаъъолони зан дар Эрон ишора карда ва гуфтааст: "Касе набояд таъаҷҷуб кунад, ки дар сафари ман тамаркузи зиёде бар мавзӯъи ҳуқуқи башар буд, бо фаъъолони зан дар бораи шароити занон дар Эрон гуфтугӯ кардам; фаъъолиятҳое, ки аз рӯзноманигорӣ то кумак ба паноҳандагони афғон, бахшҳои мухталифи ҷомеъаи маданиро дар бар мегирад."
Саттор Биҳиштӣ, коргари 23-солае буд, ки ба далели веблогнависӣ боздошт шуд ва сипас дар ҷараёни боздошт мавриди зарбу шатми шадид қарор гирифт ва ҷон дод.
Хонуми Аштун пештар низ дар бораи вазъияти Наргис Муҳаммадӣ мавзеъгирӣ карда буд.
Дар меҳрмоҳи соли 1390 ҳангоме ки Наргис Муҳаммадӣ, ноибраиси конуни мудофеъони ҳуқуқи башар, ба 11 сол зиндон маҳкум шуд, Котрин Аштун бо судури баёнияе ибрози нигаронӣ кард ва гуфт "Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти саломатии хонуми Муҳаммадӣ ӯ дар зиндон ба имконоти пизишкии лозим дастрасӣ нахоҳад дошт. Ва ҳукми зиндон алайҳи Наргис Муҳаммадиро нишонаи дигаре аз таъқиби ғайриодилонаи касоне донист, ки шуҷоъона ва бо қотеъият барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон бархостаанд."
Ҳукми зиндони хонуми Муҳаммадӣ баъдҳо дар додгоҳи таҷдиди назар ба шаш сол коҳиш ёфт ва саранҷом ҳудуди ду сол пеш ба далели бемории ҷиддӣ бо қарори васиқа иҷозаи мураххасӣ ва дармони хориҷ аз зиндон дарёфт кард.
