Буйнг муҷаввизи тағйир ва фурӯши қитаъоти ҳавопаймо ба Эронро гирифт
Image copyrightGettyХабаргузории Руйтерз гузориш карда, ки бузургтарин корхонаи ҳавопаймосозии ҷаҳон, Буйнг, муваффақ шуда муҷаввизи фурӯши қитаъоти ядакии ҳавопаймо ба Эронро аз вазорати дороии Омрико бигирад.
Ҳамзамон Ҷенерол Электруник, бузургтарин мутур ва қитъасози ҳавопаймо, мегӯяд иҷоза ёфта барои таъмири ҳавопаймоҳои эронӣ иқдом кунад.
Рӯйтерз рӯзи ҷумъаи 4 апрел дар хабаре ихтисосӣ навишт вазорати дороии Омрико ба Буйнг иҷоза дода бо таваҷҷуҳ ба тавофуқномаи Женев бар сари барномаи ҳастаии Эрон қитаъоти мушаххасе аз маҳсулоти худро, ки масорифи бозаргонӣ ва тиҷорӣ дорад, ба Эрон бифурӯшад.
Сқухангӯйи корхонаи Буйнг ба Руйтерз гуфта ин муҷаввиз дар тӯли ҳафтаи ҷорӣ ба ин абарширкати омрикоӣ дода шуда ва акнун Буйнг дар садад аст бо тарафи эронӣ тамос барқарор кунад ва аз ниёзмандиҳои онҳо муталеъ шавад.
Сухангӯйи Буйнг ҳамчунин таъкид кардааст ин муҷаввиз танҳо иҷозаи фурӯши қитаъоти ҳавопаймоҳои мусофирбариро медиҳад, ки пеш аз соли 1979 ба Эрон фурӯхта шуда ва Буйнг иҷоза нахоҳад дошт дар иртибот бо ҳавопаймоҳо,е ки пас аз ин таърих ба Эрон фурӯхта шуда, муъомилае бо Эрон анҷом диҳад.
Ӯ ҳамчунин гуфта қитъаоте, ки ин муҷаввиз иҷозаи фурӯши онҳоро содир карда, ба он даста аз қитаъот маҳдуд мешаванд, ки барои эминии парвозҳо зарурианд.
Ин нахустин робитаи тиҷории миёни Ҷенерол Электруник, Буйнг ва Эрон пас аз соли 1979 ва моҷарои гаравгонгирӣ ва ишғоли сафорати Омрико дар Эрон аст.
Соъате баъд аз интишори ин хабар ширкати Ҷенерол Электруник, ки бузургтарин қитъасози ҳавопаймо дар ҷаҳон аст, ба хабаргузории Руйтерз гуфт ин ширкат ҳам иҷоза ёфта теъдоде аз мутурҳои ҳавопаймоҳои фурӯхташуда ба Эронро боздид ва таъмир кунад.
Новгони ҳавопаймоҳои мусофирбарии Эрон солҳост, ки бар асари таҳримҳои Омрико аз муъомилаи мустақим бо Буйнг ва Ҷенерол Электруник маҳрум будааст.
Эрон мегӯяд таҳримҳои Омрико дар солҳои гузашта иҷозаи навсозӣ ва тармими новгони ҳавопаймоҳои мусофирбариро ба ин кишвар надодааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, аз соли 1990 то кунун беш аз 200 сониҳаи ҳавоӣ дар Эрон рӯй дода , ки тайи он 2000 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Хабаргузории Руйтерз моҳи гузашта ҳам аз талошҳои Буйнг ва Ҷенерол Электруник барои ахзи муҷаввизи фурӯши қитаъоти ҳавопаймо ба Эрон хабар дода буд.
Руйтерз рӯзи 21 феврал гузориш карда буд дастикам ду ширкати бузурги ҳавопаймосоз, муктур ва қитъасози Буйнг ва Ҷенерол Электруники Омрико дар пайи онанд, ки аз фурсати шашмоҳаи коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон истифода кунанд ва барои фурӯши қитаъоти ҳавопаймо ба Эрон муҷаввиз дарёфт кунанд.
Чунончи фурӯши мустақими қитаъоти ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ин ширкатҳои омрикоӣ ва Эрон аз сар гирифта шавад, Эрон метавонад барои навсозии новгони хутути ҳавоии худ иқдом кунад, то дар сурати бардошта шудани комили таҳримҳо битавонад ҳавопаймоҳои фарсудаи кунуниро замингир карда ва бо хариди ҳавопаймоҳои ҷадид бар эминии парвозҳо бифзояд.
Пештар яке аз мақомҳои Эрон ба Руйтерз гуфта буд ин кишвар хостори хариди ҳудуди 250 то 400 фарванд ҳавопаймои ҷадид аст.
