Идомаи музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1

  • 16 Май, 2014
Image copyrightAP
Image caption Муҳаммадҷаводи Зариф ва Котрин Аштун ҳидояти музокиротро бар уҳда доранд - акс аз Оссушиэйтед Пресс

Чаҳорумин давр аз музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Виен идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" музокироти имрӯз бо мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайъатҳои эронӣ ва урупоӣ оғоз шуд ва сипас бо дидори ҳайъати эронӣ ва омрикоӣ идома ёфтааст.

Аббоси Ароқчӣ, аз музокиракунандагони эронӣ, ба хабарнигорон гуфтааст, ки музокирот дар "фазои ҳусни ният" пай гирифта мешавад.

Дар айни ҳол, як мақоми аршади омрикоӣ музокироти ин ҳафтаро "кунду душвор" тавсиф кард ва гуфт ихтилофоти муҳимме миёни ду тараф вуҷуд дорад, ки Эрон бояд тасмимоти сахтеро барои бартараф карданашон бигирад. Ин мақоми омрикоӣ гуфт: "Нигаронем, ки пешрафт надорем ва вақти каме боқӣ мондааст."

Эрон ва кишварҳои узви доими Шӯрои Амният ба ҳамроҳи Олмон, озармоҳи/ноябри гузашта дар Женев ба тавофуқе шашмоҳа дар бораи маҳдудияти барномаи ҳастаии Эрон ва лағви маҳдуди таҳримҳо расиданд. Тарафайн ин ҳафта навиштани пешнависи тавофуқи ҷомеъи атумиро дар Виен оғоз кардаанд.

Бархе манобеъ аз эҳтимоли кашида шудани ин давр аз музокирот ба фардо хабар додаанд.

Ҳамзамон бо ин гуфтугӯҳо Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, ки ба Исроил сафар кардааст, ба Исроил итминони хотир дод, ки Омрико "ҳар чи лозим бошад, анҷом медиҳад", то монеъ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ шавад.

Дар айни ҳол, Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, бори дигар Эронро муттаҳам кард, ки қасд дорад ҷомеъаи ҷаҳониро гумроҳ кунад.

Дар муқобил, Эрон талош барои дастёбӣ ба ҷангафзори ҳастаиро рад мекунад ва мегӯяд Исроил танҳо кишваре аст, ки дар Ховари Миёна ба ин таслиҳот дастрасӣ дорад.

Матолиби муртабит