Алии Лориҷонӣ: Хатти қирмизи Эрон фақат тавлиди силоҳи атумӣ аст на чизи дигар

  • 12 Май, 2014
Image copyrightAP
Image caption Алии Лориҷонӣ: Музокироти ниҳоӣ маҳалли муҳосама нахоҳад буд

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, бо ишора ба музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 гуфтааст бар асоси фатвои Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, хатти қирмиз дар кайфияти фановарии ҳастаии Эрон фақат тавлиди силоҳи атумӣ аст, на чизи дигаре.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, оқои Лориҷонӣ дар ибтидои ҷаласаи алании имрӯзи (душанбе, 12 май) маҷлис гуфт: "Дар рӯзҳои ахир мақомоти омрикоӣ дар заминаи музокироти ҳастаӣ кам ҳарфи нопухта масраф накарданд ва дар ошкору ниҳон бо жестҳои сиёсӣ хатту нишон барои ҳаду ҳудуди фановарии сулҳомези ҳастаӣ кашиданд, ки теъдоди сонтрифужҳо бояд дар Эрон фалон миқдор бошад ё оби сангини Арок чунин шавад ё таҳқиқ ва тавсеъаи фалон маҳдудияҳоро пайдо кунад."

Ӯ гуфт: "Зоҳиран қудратҳои бузурги ғарбӣ майдони музокираи ҳастаиро бо шуъбадабозии сиёсӣ ивазӣ гирифтаанд. Музокироти ҳастаӣ, музокироте ҷиддӣ аст, то айёри (қимати) иттиҳомоти воҳии шумо рӯшан шавад ва миллати Эрон арзише барои ин гуна монуври дурӯғини шумо қоил нест."

Оқои Лориҷонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, ки дастовардҳои ҳастаии Эрон "қобили муъомила нест" ва Эрон дар музокироти ҳастаии худ бо Гурӯҳи 5+1 "ба дунболи рӯшангарии ҳаққи хеш ба тамома аст, на дунболи асбоббозии ҳастаӣ ."

Оқои Лориҷонӣ, ки худ байни солҳои 1384 то 1386 сарпарасти тими музокиракунандагони ҳастаии Эрон буд, гуфт, ки музокиракунандагони эронӣ наметавонанд аз ҳеҷ як аз "ҳуқуқи ҳастаии Эрон шомили ғанисозӣ дар ҳадди корхонаи ғанисозӣ ва таҳқиқу тавсеъаи он ҳам бидуни ҳеҷ маҳдудият сарфи назар намоянд."

Image copyrightkhamenie.ir
Image caption Оятуллоҳ Хоминаӣ борҳо гуфтааст, ки ҳеҷ як аз дастовардҳои ҳастаии кишвар қобили таътил шудан нест.

Ӯ гуфт, ки музокиракунандагони ҳастаии Эрон дар музокироти муқаддамотӣ бо "мусомаҳа (саҳлангорӣ)" бархӯрд карданд, аммо ба гуфтаи ӯ музокироти ниҳоӣ "маҳалли мусомаҳа нахоҳад буд."

Рӯзи гузашта Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ишора ба ин музокирот гуфт: "Набояд ниёзмандиҳои кишвар ва бархе масоил ҳамчун таҳримҳо" ба музокира гиреҳ зада шаванд. Масъулон бояд мавзӯъи таҳримро ба тариқи дигаре ҳал кунанд."

Ӯ низ борҳо гуфта, ки ҳеҷ як аз дастовардҳои ҳастаии Эрон қобили таътил шудан нест ва касе ҳам ҳаққи муъомила бар рӯйи онҳоро надорад. Бо ин ҳол, бар идомаи музокироти ҳастаӣ таъкид доштааст.

Тозатарин даври музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 батозагӣ дар Ню-Йурк анҷом шудааст ва ду тараф умедворанд, ки ба тавофуқи ниҳоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва таҳримҳои вазъшуда даст биёбанд.

Аббоси Ароқчӣ, диплумоти аршади эронӣ, гуфтааст, ки музокирот аз рӯзи сешанбе бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф ва Котрин Аштун пай гирифта мешавад. Хабаргузории "Меҳр" аз қавли ӯ навиштааст: "Нигориши матни тавофуқи ниҳоии Эрон ва 5+1 чаҳоршанбе оғоз мешавад."

Мақомҳои эронӣ таъкид доранд, ки музокирот танҳо дар бораи абъоди мавриди ихтилофи барномаи ҳастаӣ аст ва барномаи мушакии Эронро шомил намешавад.

Қарор буда ду тараф зарфи шаш моҳ аз натоиҷи иҷроӣ шудани тавофуқи Женев ба роҳи ҳалли ҷомеъ даст пайдо кунанд. Иҷрои тавофуқи Женев аз 20 январи 2014 ба муддати шаш моҳ оғоз шуда ва замони он охири июли имсол ба поён мерасад.

Тавофуқи Женев судури таҳримҳои тоза ва иҷрои бархе аз таҳримҳои пешин алайҳи Эронро дар муқобили таваққуфи бархе аз фаъъолиятҳои атумии Эрон мутаваққиф кард.

Тарафҳои музокира аз имкони тамдиди шашмоҳаи ин тавофуқ хабар додаанд, аммо бар асоси музокироти суратгирифта, зоҳиран имкони расидан ба тавофуқи ниҳоӣ пеш аз инқизои ин таърих вуҷуд дорад.

Матолиби муртабит