Таъкиди Убомо бар таъаҳҳуд ба гуфтугӯҳо бо Эрон дар дидори Аштун аз Кохи Сафед
Image copyrightAFPБорок Убомо дар ҷараёни боздиди Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо аз Кохи Сафед гуфтааст, ки Омрико ва Урупо ба пешрафти музокироти ҷорӣ бо Эрон таъаҳҳуд доранд.
Раиси ҷумҳури Омрико сешанбе баъд аз зуҳр дар ҳоле ки Сузон Ройс, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед машғули дидор бо Котрин Аштун буд, вориди ҷаласа шуд ва чунин изҳори назар кард.
Бар асоси баёнияи Кохи Сафед, Ройс ва Аштун дар ин дидор мувофиқат карданд, ки як роҳи ҳалли ҷомеъ бояд ба ҷомеъаи байналмилалӣ итминон диҳад, ки барномаи атумии Эрон сирфан мақосиди сулҳомез дорад.
Оқои Убомо ҳам бар аҳаммияти бино кардани музокирот бар асоси пешрафте, ки дар иҷрои "тарҳи амали муштарак" ба даст омадааст, таъкид кард.
"Тарҳи амали муштарак" ҳамон тавофуқномаи Женев аст, ки дар моҳи ноябр ба имзои тарафайн расид, то замина барои як тавофуқи ниҳоӣ барои ҳалли ихтилофот бар сари барномаи атумии Эрон фароҳам шавад.
Оқои Убомо ҳамчунин бар аҳаммияти идомаи ҳамкории наздики Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ва дигар аъзои гурӯҳи Панҷ ба иловаи як, ҳинни пешрафти гуфтугӯҳо бо Эрон таъкид кард.
Гурӯҳи Панҷ ба иловаи як шомили Омрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон аст.
Қарор аст даври ҷадиди музокирот, ки чаҳорумин даври гуфтугӯҳои ҷомеъи атумии Эрон аст, миёни Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун ҳафтаи оянда дар Виен баргузор шавад.
Ин давр аз музокирот бо ҳадафи ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи атумии Эрон анҷом ва ба ҳамин далел музокироти ҷомеъи атумӣ хонда мешавад.
Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон ва сарпарасти тими музокиракунандаи эронӣ, рӯзи сешанбе ба рӯзномаи "Гордиян" гуфт, ки кишвараш ҳамчунон умедвор аст, ки то 20 июн, ки муҳлати шашмоҳаи таъйиншуда дар тавофуқи Женев ба сар мерасад, ба як тавофуқи ҷомеъ бо тарафи муқобил даст ёбад.
Аммо ӯ изҳори нигаронӣ кард "нерӯҳои тирае" дар кор ҳастанд, то монеъи як мусолиҳаи таърихӣ шаванд.
Ҳамазмон дар рӯзи сешанбе коршиносони Эрон ва Гурӯҳи 5+1 даври тозае аз музокироти атумиро дар Ню-Йурк аз сар гирифтаанд.
Ин музокирот дар тӯли ҳафта идома хоҳад дошт.
