Омрико бахши дигаре аз дороиҳои Эронро озод кард

  • 18 Апрел, 2014
Image copyrightiaea.org
Image caption Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ амал кардани Эрон ба таъаҳҳудоташро таъйид кардааст

Вазорати хориҷаи Омрико эълом карда бахши дигаре аз дороиҳои Эрон ба маблағи 440 милюн дулорро озод карда, чаро ки ин кишвар ба таъаҳҳудоти худ дар қолиби тавофуқномиа Женев амал кардааст.

Ин тасмими давлати Омрико пас аз он эълом мешавад, ки Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ рӯзи гузашта эълом карда буд Эрон ниме аз урониюми 20-дарсадии худро рақиқ кардааст.

Рақиқ кардани захоири урониюми ғанишуда, яке аз таъаҳҳудоти Эрон дар тавофуқномаи муваққати Женев миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ аст, ки дар авохири поизи соли гузашта ҳосил шуд.

Бар асоси ин тавофуқ ду тарафи муфоди ин тавофуқномаро аз рӯзи 20 январ ба иҷро гузоштаанд.

Пардохти ин маблағ нишонаи он аст, ки Эрон ба таъаҳҳудоти худ амал карда ва ҳафтаи гузашта Юкио Омону, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, дар мусоҳиба бо хабаргузории Руйтерз, пешрафт дар иҷрои тавофуқи Женевро мавриди таъйид қарор дод. Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ бар асоси иттилоъоти дарёфтӣ аз бозрасони худ пешрафт дар иҷрои тавофуқи Женевро ба сурати моҳона гузориш мекунад.

Дар баробари озодсозии 4 милиёрд ва 200 милюн дулор аз амволи Эрон ва таълиқи таҳримҳои нафтӣ, петрушимӣ, худрав, тиҷорати тило ва филизот ва бахше аз таҳримҳои ҳавоӣ, Эрон ҳам бо иҷрои бархе иқдомоти итминонсоз мувофиқат кардааст.

Аббоси Ароқчӣ, муъовини умури байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон ва аз музокиракунандагони атумӣ дар моҳи январ зимни эъломи ҷадвали замонбандӣ барои омодасозии дороиҳои Эрон гуфта буд "яке аз иқдомот, таълиқи ғанисозии 20 дарсад аст ва дигаре ки ба маънии бозгашт аст, табдили маводди 20 дарсад ба уксид рақиқ кардани онҳост. Яъне вақте рақиқ мешавад ба 3.5 дарсад табдил мешавад, ки ба маводди аввалия бозмегардад ва ё уксид мешавад, ки барои сӯхти реоктури Теҳрон истифода мешавад, бинобар ин аз байн нахоҳад рафт."

Ӯ дар тавзеҳи охирин даври музокироти коршиносии миёни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 гуфта "бар асоси тавофуқоти ҷаласаи охир, қарор шуд тарафи муқобил маболиғи блукешудаи Эронро дар 8 қисмат пардохт кунад ва мо ҳам дар муқобили уксид кардани маводди ғанишударо дар шаш моҳ ва ҳар моҳ 15 килуграм анҷом диҳем ва рақиқсозиро низ дар се моҳ анҷом диҳем."

Ба гуфтаи муъовини вазорати хориҷаи Эрон "муҳимтарин иқдоме", ки аз сӯйи тарафҳои тавофуқ дар баробари Эрон анҷом мешавад, ин аст, ки "коноле бонкӣ барои хариди колоҳои ғайритаҳримӣ мисли ғизо, дору ва васоили пизишкӣ боз мешавад, ки аз он тариқ Эрон метавонад дар ҳудуди 10 милиёрд дулор тиҷорат дар шаш моҳ дошта бошад."

Матолиби муртабит