Эрон аз ихтилофоти 13-гона дар оғози даври чаҳоруми музокироти ҳастаӣ хабар дод
Image copyrightGettyЧаҳорумин даври музокироти ҷомеъи атумии Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба раёсати Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури сиёсати хориҷӣ дар миёнаи хушбинии муҳтотонаи ду тараф дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Виен оғоз шудааст.
Оғози нигориши матни тавофуқи атумӣ, ки бар асоси тавофуқи Женев бо ҳадафи ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи атумии Эрон аст, мавзуъи музокирот аст.
Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати умури хориҷаи Эрон ва аз музокиракунандагони аршади атумӣ гуфтааст, ки дар музокироти рӯзи ҷаласаи умумии чаҳоршанбесубҳ дидгоҳҳои марбут ба чорчӯби калони тавофуқи эҳтимолӣ баён мешавад ва баъд аз он дар ҷаласоти дуҷониба байни оқои Зариф ва хонум Аштун дар бораи ҷузъиёт баҳс мешавад.
Оқои Ароқчӣ ба ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон гуфта барои тавофуқи ниҳоӣ "ихтилофоти 13-гона вуҷуд дорад, барои бархе роҳи ҳалл пешниҳод шуда ва барои бархе ё гузина кам аст ё ҳанӯз пайдо нашудааст."
Муъовини вазорати умури хориҷаи Эрон гуфта чаҳоршанбе нигориши матнро оғоз мекунем ва ин яъне таофуқ бояд дар ҳини нигориши матн ба даст ояд.
ИСНО мегӯяд, ки бархе аз аъзои гурӯҳи 5+1, аз ҷумла Омрико аз тавофуқи ниҳоӣ ба номи "Барномаи Иқдоми Ҷомеъ" (Comprehensive Plan of Action) ёд мекунанд. Номи тавофуқи Женев, ки пойизи соли гузашта ба даст омад ва бар асоси он музокироти ҷомеъ дар ҳоли баргузорӣ аст, "Барномаи Иқдоми Муштарак" аст.
Як шаб пеш аз оғози даври чаҳоруми музокирот оқои Зариф ва хонум Аштун дар як шоми корӣ ба мизбонии дафтари намояндагии Эрон дар мақари Созмони Милал дар Виен ширкат карданд, ки тарафи эронӣ дар бораи суҳбатҳои радду бадалшуда дар он ибрози хушбинӣ кардааст.
Кишварҳои ғарбӣ хушбинии маҳдуде нисбат ба музокирот аз худ нишон додаанд ва намояндаи Омрико дар Созмони Милал гуфта то нигарониҳои кишвараш рафъ нашавад, тавофуқ ба даст намеояд.
Эрон аз эҳтимоли музокираи дуҷониба бо Омрико дар ҷараёни даври чаҳоруми музокироти ҷомеъи атумӣ хабар додааст.
