Зариф: Ҳиҷ иқдоме бидуни лағви таҳримҳои Шурои Амният иҷроӣ нахоҳад шуд

  • 18 Август, 2014
Муҳаммадҷаводи ЗарифImage copyrighttasnim
Image caption Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз дидор бо муъовини вазири хориҷаи Румонӣ дар Теҳрон бо хабарнигорон суҳбат карда

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи тавофуқи ҷомеъи атумӣ гуфтааст ҳеҷ иқдоме бидуни иҷрои таъаҳҳуди гурӯҳи 5+1 дар лағви таҳримҳоии Шурои Амният иҷроӣ нахоҳад шуд.

ИРНО, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ гузориш додааст, ки оқои Зариф гуфта яке аз таъаҳҳудоте, ки гурӯҳи 5+1 бар уҳда дорад? ин аст ки ба Шурои Амният муроҷиъа кунад ва аз тариқи меконизмҳои қонунӣ таҳримҳоро бардорад.

Гурӯҳи 5+1 шомили панҷи узви доимии Шурои Амният (Омрико, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия) ба ҳамроҳи Олмон аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи 5+1 худаш наметавонад таҳримҳоро лағв кунад, аммо ҳеҷ иқдоме амалиётӣ нахоҳад шуд, магар ин ки аъзои 5+1 таъаҳҳуд нисбат ба лағви таҳримҳоро иҷро кунанд.

Парвандаи Эрон дар торихи исфанди 1384 (марти 2006) аз суи Шурои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ба Шурои Амнияти Созмони Милал ирҷоъ шуд.

Ин шуро маҷмуъан шаш қатънома шомили чаҳор даври таҳрими тоза алайҳи парвандаи атумии Эрон содир кардааст, ки аввалини он дар мурдоди 1385 (июли соли 2006) буд.

Асоси таҳримҳои як ҷониба ва чандҷонибае, ки баъдан Омрико, Конодо, Бритониё ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон тасвиб карданд, қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милал будааст.

Эрон ин қатъномаҳоро "ғайриқонунӣ" ва таҳримҳои суратгирифтаро "золимона" мехонад.

Матолиби муртабит