Зариф: Набояд фурсатро мисли соли 2005 аз даст дод

  • 18 Май, 2014
Муҳаммадҷаводи ЗарифImage copyrightAP
Image caption Даври баъдии гуфтугӯҳои Эрон ва 5+1 дар рӯзҳои 26 то 29 хурдод (16 то 19 июн) дар Виен анҷом хоҳад шуд

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Твитери худ навишт "Тавофуқ (ҳастаӣ) имконпазир аст, аммо таваҳҳумот бояд бартараф шаванд. Набояд мисли соли 2005 фурсатро аз даст дод."

Оқои Зариф имрӯз, якшанбеи 28 урдубиҳишт (18 май) ин ёддоштро дар "бозгашт аз музокироти душвори Виен" дар Твитери худ навиштааст.

Ин музокирот даври чаҳоруми гуфтугӯҳои Эрон бо 5+1 буд, ки ҷумъаи гузашта бидуни даст ёфтан ба натиҷаи мушаххасе ба поён расид.

Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон пас аз поёни ин давр аз музокирот гуфта буд, ки "пешрафти маҳсусе" ҳосил нашуда, аммо ин ба маънии "шикасти музокирот ва фазои манфӣ" нест.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ авоили озари соли гузашта ба тавофуқе шашмоҳа расиданд, ки мутобиқи он қарор шуд Эрон бахшҳое аз барномаи ҳастаии худро ҳазф ё мутаваққиф кунад ва дар иваз бархе таҳримҳо алайҳи ин кишвар сабук ё лағв шавад.

Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар ин шаш моҳ барои як тавофуқи ниҳоӣ ва доимӣ машғули музокира буда ва ҳадаф ин буд ки ин тавофуқ то 29 тирмоҳ, ки муҳлати тавофуқи шашмоҳа ба поён мерасад, ҳосил шавад.

Ба гуфтаи коршиносон ин давр аз гуфтугӯҳо чӣ аз назари сиёсӣ ва чӣ аз назари фаннӣ ҳассос ва печида‌ аст ва тарафайн ҳам пеш аз ин гуфтаанд, ки имкони тамдиди гуфтугӯҳо вуҷуд дорад.

Алоуддин Буруҷирдӣ, раиси кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон ҳам ба телевизиюни давлатии ин кишвар гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба душвории гуфтугӯҳо дар ин сатҳ тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 5+1 то охири тирмоҳ муҳаққақ нахоҳад шуд ва бояд гуфтугӯҳо тамдид шавад.

Дар ҳамин ҳол Ҳусайни Шариатмадорӣ, мудири масъули рӯзномаи "Кайҳон" дар сармақолаи имрӯзи ин рӯзнома навишт: "Музокироти Виен 4, ки метавонист ба шиддат осебрас бошад, бо шикаст рӯбарӯ шуд ва талоши ҳамаҷониба ва чандмоҳаи ахири ҳариф хушбахтона бенатиҷа монд."

Оқои Шариатмадорӣ дар тавҷеҳи истифода аз вожаи хушбахтона гуфт "қобили тардид нест" ки музокироти ҳастаӣ "ҳаргиз ба натиҷаи матлуб намерасад", аммо ба далели "дастовардҳои ғайриҳастаӣ" идомаи он қобили тавҷеҳ аст.

Мудири масъули "Кайҳон" изҳор нигаронӣ кард, ки "баъид нест, ки фарзандони инқилоб дар мавориде соданигорӣ карда ва ба хотири хушбинии муфрат сарашон кулоҳ биравад, ки бо арзи пӯзиш, рафтааст."

Соли 2005

Ишораи оқои Зариф ба соли 2005 бавижа ба понздаҳ рӯзи аввали моҳи августи (10 то 25 мурдоди 1384) он сол бармегардад, ки Эрон дар номае ба Муҳаммади Бародеъӣ, мудири кулли вақти Ожонси байналмилалии энержии атумӣ хабар дод, ки барномаи ҳастаиро аз таълиқ хориҷ карда ва фаъолиятҳояшро аз сар хоҳад гирифт. (аввали августи 2005). Ин нома ду рӯз қабл аз танфизи ҳукми раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ирсол шуд.

Эрон пеш аз он бо таълиқи ғанисозии урониюм мувофиқат карда буд ва дар Афғонистон ҳам барои сарнагун кардани Толибон бо кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ кард, аммо ба гуфтаи чанд мақоми урупоӣ, аз ҷумла Ҷек Истро, вазири умури хориҷаи вақти Бритониё давлати вақти Омрико, ки навмуҳофизакорон дар он чанд симати калидиро дар ихтиёр доштанд, амалан монеъ аз ба саранҷом расидани талоши кишварҳои урупоӣ барои расидан ба тавофуқ бо Эрон шуд.

Як рӯз пас аз номаи Эрон ба оқои Бародеъӣ вузарои умури хориҷаи се кишвари урупоӣ (Бритониё, Фаронса ва Олмон), ки тарафи музокира бо Эрон буданд ва Ховйер Сулоно, раиси вақти сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ба Эрон эълом карданд, ки азсаргирии фаъолиятҳои ҳастаӣ нақзи мувофиқатномаи Порис маҳсуб ва сабаби қатъи музокирот хоҳад шуд.

Се рӯз баъд се кишвари урупоӣ бо ҳимояти Иттиҳодияи Урупо тарҳеро ба Эрон пешниҳод карданд, ки Эрон онро напазируфт ва ғанисозиро аз сар гирифт.

Шаш рӯз баъд Шурои ҳукком дар Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ҷаласаи изтирорӣ ташкил дод ва қатъномаеро алайҳи Эрон содир кард.

Се рӯз баъд Ҳасани Рӯҳонӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ҷои худро ба Алии Лориҷонӣ дод.

Парвандаи ҳастаии Эрон чаҳоруми феврали 2006 ба Шурои Амнияти Созмони Милал ирҷоъ шуд, ҳудуди шаш моҳ пас аз оғози раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод.

Нахустин қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон дар торихи 31 июли 2006 (душанбе, 9 мурдоди 1385) тасвиб шуд. Пас аз он шаш қатъномаи дигар ҳам алайҳи Эрон ба тасвиб расидааст.

Матолиби муртабит