Ҷон Керрӣ дар Виен: Ихтилофҳо дар музокироти ҳастаии Эрон ҷиддӣ аст

  • 13 Июл, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Интизор меравад Ҷон Керрӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дидор кунад

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ки барои ширкат дар музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои 5+1 ба Виен сафар карда, аз вуҷуди 'шикофи амиқ' дар ин гуфтугӯҳо хабар додааст.

Оқои Керрӣ субҳи имрӯз, якшанбеи 22 тир (13 июл) дар Виен ба хабарнигорон гуфт: "Мо ихтилофҳои бисёр амиқе дорем. Бояд бубинем оё метавонем пешрафте дошта бошем.. . Он чӣ барои мо ҳаётӣ аст ин аст ки мутмаин шавем Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо нахоҳад кард ва барномаи атумиаш сулҳомез хоҳад буд."

Ба гуфтаи Амири Пойвар, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Виен оқои Керрӣ субҳи имрӯз дар нишасте бо Никулос Бернз, муъовинаш ва Вендӣ Шарман, музокиракунандаи аршади ҳайати омрикоӣ дар ҷараёни раванди музокирот қарор гирифта ва баъд аз он бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дидор мекунад.

Интизор меравад ӯ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳам гуфтугӯ кунад.

Вузарои умури хориҷаи Фаронса ва Олмон ҳам баъд аз оқои Керрӣ вориди Виен шудаанд ва қарор аст Уилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё ҳам ба ин музокирот бипайвандад.

Аммо вазирони хориҷаи Чин ва Русия дар ин гуфтугӯҳо ширкат нахоҳанд кард.

Даври шашуми музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 аз рӯзи 2 июл (11 тир) оғоз шуда ва интизор меравад дасти кам то 20 июл, муҳлати таъиншуда дар нишасти Женев барои расидан ба тавофуқи ҷомеъи ҳастаӣ, идома дошта бошад.

Чаҳор вазири хориҷаи кишварҳои ғарбии гурӯҳи 5+1 дар ҳоле ба Виен меоянд, ки пештар диплумотҳо ҳам аз идомаи ихтилоф бар сари масоили аслӣ хабар дода буданд.

Ихтилоф 'дар ҳамаи мавориди муҳим'

Аббоси Ароқчӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар Виен ба шабакаи Алъолам гуфтааст, ки тақрибан дар ҳамаи мавзуъоти муҳим ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ду тараф натавониста дар 'ҳиҷ мавзуъе' ихтилофро кам кунанд.

Оқои Ароқчӣ ибрози умедворӣ карда, ки ин ихтилофот коҳиш пайдо кунад, аммо гуфта наметавон ба сурати қатъ гуфт, ки натиҷа ҳосил хоҳад шуд.

Воҳиди марказии хабари Эрон ҳам аз оқои Ароқчӣ нақл кардааст, ки дар сурати нарасидан ба тавофуқ то муҳлати таъиншуда “тамоюли чандоне ба тамдиди шашмоҳаи дувум нест".

Оқои Ароқчӣ гуфта, ки гузинаҳои мавриди ихтилоф мушаххас шуда ва баҳсҳо барои тасмимгирии сиёсӣ омода шудааст.

Ӯ сафари вузарои хориҷаи кишварҳои 5+1 ба Виенро дар ҳамин росто арзёбӣ карда ва гуфта, ки агар бо ҳузури онҳо тавофуқе ҳосил шавад, "дубора аз рӯзи душанбе ду тараф ба ҷаласоти фишурдаи худ дар сатҳи сиёсӣ боз хоҳанд гашт то ин тавофуқот дар сатҳи боло дар қолаби матни тавофуқ нигориш шавад".

Ҳарчанд оқои Ароқчӣ гуфтааст, ки музокираи шашҷониба ё расмӣ бо ҳузури вузарои хориҷа дар Виен баргузор нахоҳад шуд ва дидор ба сурати дуҷониба хоҳад буд.

Пештар мақомҳои омрикоӣ мавзеъи Эрон дар музокироти ҳастаии Виенро "номуносиб" ва "ғайриамалӣ" тавсиф карда ва аз шикофи амиқи байни мавозеъи Эрон ва гурӯҳи 5+1 хабар дода буданд.

Як мақоми омрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад бо таъйиди ихтилофи амиқ бо ҳайати эронӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфт: "Мавозеъи мо дар бархе мавзуъот аз ҷумла ғанисозии урониюм фосилаи зиёде дорад."

Ҳафтаи гузашта оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон ҳам аз вуҷуди ихтилофи ҷиддӣ миёни Эрон ва ғарбиҳо бар сари мизони зарфияти ғанисозии урониюм хабар дода буд.

Матолиби муртабит