Таъкиди Ҳасани Руҳонӣ бар қобили музокира набудани барномаи мушакии Эрон
Image copyrightpresident.irҲасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар дидор бо Юкиё Омону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ эълом кард: "Тавони мушакии Эрон ба ҳеҷ унвон ва дар ҳеҷ радае қобили музокира нест."
Ба гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Эрон, оқои Руҳонӣ дар айни ҳол гуфт: "Дар сурате ки азм ва иродаи ҷиддӣ барои ҳаллу фасли мавзуъ ва дастёбӣ ба тавофуқ вуҷуд дошта бошад, дар муддати камтар аз як сол метавон ба натиҷаи ниҳоӣ бо ожонс даст ёфт."
Таъкиди Ҳасани Руҳонӣ дар мавриди қобили музокира набудани барномаи мушакии Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон дар урдибиҳишти моҳи гузашта бар тақвияти тавони мушакии Эрон таъкид карда ва дархости таваққуфи ин барномаро таваққуъе аблаҳона" дониста буд.
Кишварҳои ғарбии ҳозир дар музокироти ҳастаӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ хостори маҳдуд шудани барномаи тавсеъаи мушакҳои дурбурди Эрон ҳастанд.
Оқои Руҳонӣ дар бахше дигар аз гуфтугӯи имрӯз якшанбеи 26 мурдод (17 август) бо Юкиё Омону, раиси Ожонси байналмилалии энержии атумӣ аз вай хост бо таваҷҷуҳ ба музокироти ин ниҳод бо масъулони эронӣ ба интишори гузоришҳои муназзам дар мавриди раванди пешрафти музокирот бипардозанд.
Ба гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Эрон дар ҷараёни дидори имрӯз оқои Омону ҳам бо ибрози нохурсандӣ аз "тӯлонӣ шудани фароянди музокирот" ибрози умедворӣ карда, ки ихтилофи мавҷуд бар сари барномаи ҳастаии Эрон "дар як барномаи замонии маъқул ҳал шавад ".
Дидори раиси ҷумҳур ва оқои Омону болотарин сатҳи ройзании миёни Ожонси энержии атумӣ ва Эрон пас аз рӯйи кор омадани давлати оқои Руҳонӣ ва тавофуқи аввалияи ин кишвар бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаи ҳастаӣ будааст.
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ барои дувумин бор дар як соли гузашта ба Теҳрон сафар кардааст. Ризо Наҷафӣ, намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атумӣ пештар гуфта буд, ки дар сафари қаблии Юкиё Омону бо таваҷҷуҳ ба фурсати кам имкони мулоқоти мудири кулли ожонс бо раиси ҷумҳур фароҳам нашуд.
Оқои Омону дар қолаби чорчӯбе барои ҳамкорӣ, ки соли гузашта миёни Эрон ва ожонс имзо шуд, ба Теҳрон сафар кардааст.
