'Арзёбии иродаи Эрон' дар дувумин дидори Керрӣ дар Виен

  • 14 Июл, 2014
Image copyrightu
Image caption Диплумотҳои омркоӣ: Ҷон Керрӣ, ҳамтои ирониашро барои "гирифтани тасмимҳои сахт" таҳти фишор қарор медиҳад

Ҷон Керрӣ ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Омрико ва Эрон барои дувумин рӯзи мутаволӣ дар Виен, пойтахти Утриш, дидор мекунанд.

Диплумотҳои омрикоӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки оқои Керрӣ дар ин дидор ҳамтои эрониашро барои "гирифтани тасмимҳои сахт" таҳти фишор қарор медиҳад.

Амири Пойвар, хабарнигори эъзомии Би-би-сии форсӣ ба Виен, ба нақл аз диплумотҳои омрикоӣ мегӯяд, ки музокироти оқои Керрӣ бо оқои Зариф барои арзёбии иродаи Эрон "гуфтугӯе ҷиддӣ ва билқувваи тӯлонӣ" хоҳад буд.

Ҳайъати эронӣ ва омрикоӣ рӯзи якшанбеи 13 июл дар аввалин дидори худ ба муддати чанд соъат дар ҳошияи даври шашум аз музокироти ҳастаии эронӣ ва кишварҳои 5+1 гуфтугӯ карданд.

Ин дидорҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар фосилаи шаш рӯз монда ба поёни муҳлати таъйиншуда барои расидан ба як тавофуқи ҷомеъ дар барномаи ҳастаии Эрон, ду тараф аз вуҷуди "ихтилофҳои амиқ" дар масоили аслӣ, аз ҷумла зарфияти ғанисозии урониюм хабар медиҳанд.

Рӯзи якшанбе вузарои хориҷаи Омрико ва се кишвари урупоии гурӯҳи 5+1 (Бритониё, Фаронса ва Олмон) барои ройзанӣ дар бораи мавориди мавриди ихтилоф ба Виен омаданд.

Вузарои хориҷаи Олмон, Фаронса ва Бритониё баъд аз дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон ва таъкид бар ҷиддӣ будани ихтилофҳо Виенро тарк карданд, аммо вазири хориҷаи Омрико барои идомаи музокироти дуҷониба бо Эрон ҳамчунон дар ҳутел маҳалли музокирот аст.

Рӯзи якшанбе вазири хориҷаи Эрон дар поёни гуфтугӯ бо ҳамтои омрикоиаш ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф аз ин музокирот ёфтани "роҳи ҳалле мубтакирона" барои рафъи мавонеъ ва коҳиши ихтилофот будааст.

Оқои Зариф гуфт: "Дар охирин мулоқот мо саъй кардем роҳҳои ҷадидеро дар назар бигирем, аммо натавонистаем ба тавофуқе даст пайдо кунем."

Даври шашум музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 рӯзи 2 июл оғоз шуда ва интизор меравад дастикам то 20 июл, яъне муҳлати таъйиншуда дар нишасти Женев барои расидан ба тавофуқи ҷомеъи ҳастаӣ, идома дошта бошад.

Аббоси Ароқчӣ, музокиракунандаи аршади Эрон, пеш з сафари вузарои хориҷаи кишварҳои ғарбӣ ба Виен гуфта буд, ки тақрибан дар ҳама мавзӯъоти муҳим ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ду тараф натавонистаанд дар "ҳеч мавзӯъе" ихтилофро кам кунанд.

Ҳафтаи гузашта ҳам Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар як суханронии умумӣ аз ихтилофи ошкори Эрон ва кишварҳои ғарбии 5+1 бар сари зарфияти ғанисозии Эрон хабар дод.

Оятуллоҳ Хоминаӣ гуфт, ки интизори омрикоиҳо ин аст, ки ғанисозии урониюми Эронро ба 10 ҳазор сӯ (воҳиди муртабит бо зарфияти ғанисозӣ) маҳдуд кунанд, аммо ҳадафи Эрон расидан ба зарфияте муъодили 190 ҳазор сӯ аст.

Матолиби муртабит