Муҳлати музокироти ҳастаии Эрон тамдид шуд
Image copyrightAFPЭрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" тавофуқ карданд музокироти худ бар сари барномаи ҳастаии Эрон ва таҳримҳои Ғарб алайҳи ин кишварро барои чаҳор моҳи дигар идома диҳанд.
Ҳамзамон, Омрико эълом кардааст, ки ҳудуди се милёрд дулори дигар аз дороиҳои Эронро ба унвони бахше аз тавофуқномаи Женев озод мекунад ва дар баробар, Эрон бояд ба рақиқ кардани урониюми 20-дарсадии худ бипардозад.
Як мақоми омрикоӣ дар Виян ба хабарнигорон гуфтааст, ки даври баъдии музокирот қарор аст аз моҳи оянда (август) баргузор шавад.
Ҳамчунин, Амири Пойвар, хабарнигори эъзомии Би-би-сии Форсӣ ба Виян, мегӯяд як мақоми аршади омрикоӣ дар мавриди чигунагии озодсозии дороиҳои Эрон гуфтааст: "Омрико қаблан ҳарчи дар тавон дошта, ба кор гирифта, то мутмаин шавад бонкҳо медонанд, ки метавонанд ин маболиғро мунтақил кунанд ва ин ки дороиҳо ба мақсаде, ки Эрон интихоб мекунад, мерасад."
Мақомоти омрикоии ҳозир дар Виян ҳамчунин ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ба эътиқоди онҳо дар муддатзамони тамдидшуда барои идомаи музокирот Кунгреи Омрико набояд таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон вазъ кунад.
Ин дар ҳолест, ки танҳо дақоиқе баъд аз эъломи расмии тамдиди музокироти ҳастаӣ бархе аз намояндагони Кунгреи Омрико нисбат ба он вокуниш нишон дода ва хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон шудаанд.
Морк Кирк, аз сенотурҳои ҷумҳурихоҳи Кунгреи Омрико, дар ҳисоби твитери худ нивишта: "Замони бештар барои музокирот, замони бештар ба Эрон барои сохти бумб."
Дар баробар, Диёно Фойнстойн, сенотури демукроти Кунгре, ҳам дар твитери худ нивишта: "Ман қавиян бо тамдиди муҳлати музокироти ҳастаӣ мувофиқам."
Рӯзи ҷумъаи 27 тир (18 июл) Котрин Аштун, намояндаи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ки саргурӯҳии ин музокиротро бар уҳда дорад, тайи баёнияе муштарак бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, гуфт: "Ҳанӯз ихтилофоти амиқе миёни ду тараф вуҷуд дорад ва барои ҳамин ба замон ва талоши бештар ниёз аст."
Ҳамзамон, Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳам гуфта, ки кишвараш таҳримҳои феълӣ алайҳи Эронро дар муддати тамдидшуда барои музокирот ҳамчунон эъмол хоҳад кард.
Эрон ҳамвора иддиъо карда, ки барномаи ҳастаии ин кишвар бо мақосиди сулҳомез тарҳрезӣ шуда ва ин кишвар ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ нест.
Ба ҳамин иллат, Теҳрон хостори лағви тамомии таҳримҳои Омрико ва Урупо алайҳи ин кишвар аст, аммо Ғарб таълиқ ё лағви ин таҳримҳоро манут (вобаста) ба итминон ҳосил кардан аз ғайринизомӣ будани барномаи ҳастаии Эрон кардааст.
Ғарб хостори таълиқи ғанисозӣ дар сутӯҳи боло ва таваққуфи кори бархе аз таъсисоти ҳастаии Эрон аст.
Музокироти Эрон ва намояндагони "Панҷ ба иловаи як" аз рӯзи ёздаҳуми тирмоҳ (2 июл) дар Виян, пойтахти Утриш, дар ҷараён аст. Тадвини матни тавофуқномаи ҷомеъи ҳастаӣ меҳвари аслии ин гуфтугӯҳо буд.
Тарафайн дар озармоҳи соли гузашта (феврал) дар Женев тавофуқ карда буданд, ки то рӯзи 29 тир (20 июл) матни пешнависи ин тавофуқномаро ниҳоӣ кунанд.
Тибқи тавофуқномаи Женев, фурсати музокиракунандагон барои ниҳоӣ кардани ин матн барои шаш моҳи дигар қобили тамдид буд.
