Бардошти мусбати Эрон аз дидор бо ҳайъати омрикоӣ

  • 10 Июн, 2014
Image copyrightBBC World Service

Дар пайи дидори намояндагони Эрон ва Омрико дар Женев сарпарасти тими музокиракунандаи Эрон "фазои" ин гуфтугӯҳоро созанда хондааст.

Аммо вай дар мавриди чашмандози ҳалли ихтилофот дар муҳлати шашмоҳа аз замони иҷрои тавофуқи Женев ибрози тардид кардааст.

Аббоси Ароқчӣ дар пайи ин дидори панҷсоъата ба Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, гуфт: "Гуфтугӯ бо ҳайъати омрикоӣ дар фазое мусбат ва созанда анҷом шуд."

Ин гуфтугӯҳо муқаддимае бар гуфтугӯҳои ҳафтаи ояндаи Виян миёни Эрон ва қудратҳо (Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як") аст, то тавофуқи шашмоҳаи Женевро ба як муъоҳидаи ҷомеъ табдил кунанд.

Аммо оқои Ароқчӣ гуфт, ки ҳалли ҳамаи масоил дар 40 рӯзи боқимонда то поёни эътибори тавофуқи Женев мумкин аст хушбинона бошад ва эҳтимоли тамдиди мувофиқатномаи Женев барои шаш моҳи дигар вуҷуд дорад.

Морӣ Ҳерф, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, ҳам гуфт, ки нишасти рӯзи душанбе дар Женев ҷанбаи ройзанӣ дар бораи тайфи васеътари масоил ва табодули дидгоҳҳо пеш аз музокироти ояндаи Виянро дошта.

Гуфтугӯҳои дурӯза миёни мақомҳои ду кишвар бори дигар соъати 9-и субҳи рӯзи сешанбе аз сар гирифта хоҳад шуд.

Хонум Ҳерф дар мавриди раванди куллии гуфтугӯҳои Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" бо Эрон гуфт: "Ба назари мо, дар баъзе аз нишастҳо пешрафт доштаем, аммо ҳамон тур ки пас аз даври охир гуфтем, шоҳиди пешрафти кофӣ набудаем. Росташ дар мизи музокирот шоҳиди воқеъгароии кофӣ набудаем."

Хонум Ҳерф гуфт, ки риъояти зарбулаҷали шашмоҳаи тавофуқи Женев барои Омрико хеле ҷиддӣ аст ва кишварҳо бояд тасмимҳои сахте бигиранд, ба ҳамин далел, ба гуфтаи ӯ, Омрико бар ташдиди диплумосӣ исрор дорад. Он тавофуқ пойизи гузашта ҳосил ва аз 20 январ ба иҷро гузошта шуд.

Даври панҷуми гуфтугӯҳои ҷомеъи атумии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" қарор аст ҳафтаи оянда ба сарпарастии Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ва Котрин Аштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури сиёсати хориҷӣ, дар Виян баргузор шавад.

Даври чаҳоруми музокироти ҷомеъи атумӣ дар Виян дар ҳоле поён ёфт, ки тарафҳо эълом карданд гуфтугӯҳо пешрафти маҳсусе надоштааст.

Аз он замон то кунун оқои Зариф ва хонум Аштун як дидори ғайрирасмии дурӯза дар Истонбул доштаанд ва гурӯҳи коршиносони Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ҳам дар Виян бо ҳам музокира кардаанд.

Эҳтимоли тамдиди тавофуқи Женев

Оқои Ароқчӣ дар мавриди музокироти ҳафтаи ояндаи Виен ба хабаргузории ИРНО гуфт: "Интизори мо ин аст, ки дар ин давр битавонем аз куллиёт вориди ҷузъиёт шавем ва нигориши матни тавофуқи ҷомеъро оғоз кунем; интизоре, ки аз музокироти Виен-2 доштем."

Албатта ӯ изофа кард, ки ҳалли масоили куллӣ ва вуруд ба ҷузъиёт "ҳанӯз хушбинона" аст.

Ӯ ҳамчунин ба эҳтимоли тамдиди тавофуқи Женев ишора кард: "Умедвориҳо бар ин будааст, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин муддат ҳосил шавад, аммо агар чунин нашавад ночорем тавофуқи Женевро барои шаш моҳи дигар тамдид кунем, то музокирот битавонад идома ёбад."

Ӯ афзуд: "Ҳанӯз зуд аст қазоват кунем, ки оё ниёз ба тамдиди тавофуқи Женев ҳаст ё на ва ин умедворӣ ҳанӯз вуҷуд дорад, ки қабл аз поёни шаш моҳи тавофуқи Женев битавонем ба тавофуқи ниҳоӣ даст биёбем."

Ҳадафи Эрон дар ин музокирот рафъи таҳримҳои шадид алайҳи иқтисоди ин кишвар аст. Дар муқобили Ғарб хостори итминон аз сулҳомез будани барномаи атумии Эрон аст.

Музокиракунандагони Эрон дар нишасти рӯзи душанбеи Женев, Аббоси Ароқчӣ ва Маҷиди Тахтравончӣ, муъовинони вазорати умури хориҷа, Ҳамиди Баъидинажод, мудири кулли сиёсӣ ва амнияти байналмилал, Довуди Муҳаммадниё, мқушовири ҳуқуқии вазири умури хориҷа ва Пижмон Раҳимиён, аз мудирони аршади Созмони Энержии Атумӣ ҳастанд.

Аъзои гурӯҳи музокиракунандаи Омрикоро Вилиём Бернз, муъовини вазири хориҷаи Омрико, Вендӣ Шерман, мудири кулли ин вазоратхона, Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии муъовини раиси ҷумҳур, Брук Амдерсун, муъовини собиқи намояндаи Омрико дар Созмони Милал, Ҷим Тимбӣ, мушовири аршади кунтрули силоҳ ва Роберт Молӣ, мушовири аршади Ховари Миёна дар Шӯрои Амнияти Миллии Омрико ташкил медиҳанд.

Оқои Ароқчӣ гуфт, ки дар дидори сешанбе миёни тимҳои Омрико ва Эрон, Ҳелго Ишмид, намояндаи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ҳам ҳузур хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ӯ ҳайъати эронӣ рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар шаҳри Рум бо ҳайъати Русия дидор хоҳад кард.

Матолиби муртабит