Гуфтугӯҳои дуҷонибаи Эрон ва Омрико дар Женев оғоз шуд

  • 4 Сентябр, 2014
Image copyrightISNA
Image caption Шерман ва Ароқчӣ дар музокироти дуҷонибаи Женев ширкат доранд

Музокироти дуҷонибаи намояндагони Эрон ва Омрико дар Женев оғоз шудааст.

Рӯзи панҷшанбеи 4 сентябр хабаргузориҳои дохилии Эрон ба нақл аз манобеъи вазорати умури хориҷа гузориш карданд, ки як ҳайъати эронӣ ба раёсати Аббоси Ароқчӣ, муъовини ин вазоратхона ва намояндаи Ҷумҳурии Исломӣ дар музокироти ҳастаӣ бо намояндагони Омрико Женев мулоқот ва гуфтугӯ мекунад.

Бар асоси ин гузориш, гуфтугӯҳои дуҷонибаи байни намояндагони Эрон ва Омрико дар чорчӯби музокироти Ҷумҳуриии Исломӣ ва Гурӯҳи 5+1 сурат мегирад ва то рӯзи шанбе идома хоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷаи Омрико низ пештар бо судури иттилоъияе зимни эъломи оғози музокироти дуҷониба бо Эрон дар рӯзи панҷшанбе гуфт, ки сарпарастии ҳайъати омрикоиро Вилиём Бернз, муъовин ва Венди Шерман, дастёри вазири хориҷа ва намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон бар уҳда доранд ва гуфтугӯҳо дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа анҷом мешавад.

Музокироти дуҷонибаи Эрон ва Омрико камтар аз ду моҳ қабл аз инқизои муҳлати тавофуқномаи муқаддамотии Женев дар авохири моҳи ояндаи мелодӣ сурат мегирад. Тавофуқномаи муқаддамотӣ дар ҷараёни музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар ноябри соли гузашта ба даст омад ва дар моҳи январ ба муддати шаш моҳ иҷроӣ шуд.

Ин тавофуқнома шомили таълиқ ва тағйир дар бархе баномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари худдории кишварҳои дигар аз тасвиб ва вазъи таҳримҳои ҷадид ва ҳамчунин иҷоза ба Эрон барои бардошти бахше аз дороиҳои масдудшудаи ин кишвар дар хориҷ буд.

Image copyrightReuters
Image caption Муҳлати тамдидшудаи тавофуқи муқаддамотии музокироти Женев дар моҳи ояндаи мелодӣ ба сар хоҳад омад

Қарор буд то қабл аз поёни давраи шашмоҳа, ду тараф ба тавофуқи ниҳоӣ шомили ҷалби итминони байналмилалӣ нисбат ба сулҳомез будани фаъъолияти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари лағви таҳримҳои тадриҷӣ алайҳи Эрон даст ёбанд, аммо дар муддати мавриди назар ин натиҷа ҳосил нашуд. Дар иваз ду тараф пазируфтанд, ки тавофуқномаи муқаддамотӣ то авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ тамдид шавад бо ин умед, ки то он замон ба тавофуқи ҷомеъ бирасанд.

Музокироти дуҷонибаи Эрон ва Омрико дар ҳоле баргузор мешавад, ки авохири ҳафтаи гузашта давлати Омрико теъдоде ширкати эрониро ба иттиҳоми иртибот бо барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломӣ, нақзи ҳуқуқи башар, ҳимоят аз теруисм ва нақзи қавонини Омрико роҷеъ ба таҳрими Эрон, машмули таҳрим қарор дод. Чанд ширкати ғайриэронӣ низ таҳрим шуд.

Дар айни ҳол мақомоти омрикоӣ таъкид карданд, ки ин таҳримҳо дар иҷрои қавонин ва муқаррароти қаблӣ роҷеъ ба таҳрими Эрон сурат гирифта ва Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба дастёбӣ ба як тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мутаъаҳҳид аст.

Матолиби муртабит