Маросими ёдбуди шасту нуҳумин солгарди бумборони атумии Ҳерушимо
Image copyrightGettyДар Жопун даҳҳо ҳазор нафар дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи атумии Омрико ба Ҳирушимо ширкат карданд.
69 соли пеш Омрико дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум барои водоштани Жопун ба таслим бумби атумӣ рӯйи шаҳри Ҳерушимо андохт.
Тахмин зада мешавад, ки ҳудуди 70-140 ҳазор нафар дар ин ҳамла ё бар асари табаъоти он кушта шуданд.
Маросими имрӯз бо ҳузури бозмондагон, хешовандони қурбониён, мақомҳои расмии Жопун ва кишварҳои дигар бо навохтани занг дар соъати 8:15 -и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд; ин соъатест, ки бумби Омрико бар Ҳерушимо фурӯ афтод.
Шинзу Обе, нахуствазири Жопун ва Корудин Кенедӣ, сафири Омрико дар Жопун, аз ҷумлаи ҳозирони маросими имрӯз буданд.
Ағлаби қурбониёни ҳамалоти атумии Омрико ба Ҳерушимо ва Ногозокӣ ғайринизомӣ буданд ва ҳанӯз пас аз ҳафт даҳа бисёре аз Омрико ба далели ин иқдом интиқод мекунанд.
Ҳарчанд сарҳанг Пул Тибетс, халабон ва фармондеҳи бумбафкани омрикоӣ, монанди бисёре аз низомиён ва мақомҳои омрикоӣ то поёни умр ин иқдомро муваҷҷаҳ медонист.
69 соли пеш Омрико дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум барои водоштани Жопун ба таслим бумби атумӣ рӯйи шаҳри Ҳерушимо андохт.
