Жопун: Парвози кунунии ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзамон дар ҷанги сард ҳам собиқа надошт

  • 21 Апрел, 2014
Image copyrightAFP

Итсунурӣ Унудро, вазири дифоъи Жопун, мегӯяд парвози ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии Русия дар наздикии Жопун дар як ҳафтаи гузашта ба шакли бесобиқае афзоиш ёфтааст.

Вазири дифоъи Жопун ин парвозҳоро номаъмул тавсиф кардааст.

Ӯ гуфтааст чунин ҳаҷме аз парвозҳои ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ дар наздикии марзҳои Жопун ҳатто дар замони ҷанги сард ҳам собиқа надоштааст.

Оқои Унудро мегӯяд ангезаи Русия аз ба парвоз даровардани инчунинии ҳавопаймоҳои низомиаш рӯшан нест.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Тукию мегӯяд, ки равобити Русия ва Жопун дар солҳои ахир гарм будааст, бо ин ҳол онон дар бораи моликияти чанд ҷазира ихтилофи назар доранд.

Ҳамчунин Жопун аз ҷумлаи кишварҳое буда, ки Русияро ба хотири замима кардани Криме ба хоки худ маҳкум кардааст.

Жопун сафари ин ҳафтаи вазири хориҷаи худ ба Маскавро лағв кардааст.

Матолиби муртабит