Буҷеи дифоъии Жопун ба далели "таҳдиди рӯ ба фузунии" Чин афзоиш ёфт

  • 17 Декабр, 2013
худрави низомӣ ва сарбозони жопунӣ
Image caption Давлати Жопун гуфта, ки дар як даҳаи оянда буҷеи дифоъии кишварро тақвият хоҳад кард

Жопун эълом карда, ки тайи як давраи панҷсола ҳазинаҳои дифоъии худро афзоиш хоҳад дод.

Давлати Жопун ҳамчунин гуфтааст, ки артиши худро дар вокуниш ба ончӣ ки "таҳдиди рӯ ба фузунӣ" аз ноҳияи Чин хонда, бозсозӣ хоҳад кард.

Ҳайати давлати Жопун дар нишасти худ истротижии амниятии ҷадиди ин кишварро таъйид карда аст.

Қарор аст нерӯи дарёии ҷадиде ташкил шавад ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои таҷассусӣ, худравҳои амалиёти таҳоҷумии соҳилӣ ва новҳои ҷангии ҷадиде барои артиш харидорӣ шаванд.

Давлати Шинзу Обе, нахуствазири Жопун гуфтааст, ки ин иқдомот посухе мантиқӣ ба таҳдиде воқеъӣ ва рӯ ба афзоиш аст.

Таниш миёни Жопун ва Чин бар сари ҷазоири мавриди муноқиша дар дарёи Чини Шарқӣ ахиран афзоиш ёфтааст.

Жопун, Тайван ва Чин ҷазоири мавриди муноқишаро, ки дар Жопун Синкоку ва дар Чин Диёую хонда мешаванд, мутаъаллиқ ба худ медонанд.

Чин мегӯяд ин ҷазоир, ки тавассути Жопун идора мешаванд, аз замонҳои қадим, мутаъаллиқ ба Чин будааст.

Як гузориши мутолиъотӣ дар Жопун хотирнишон карда, ки Чин дар садад аст бо тавассул ба зӯр вазъи мавҷуд дар маҳдудаи ҳавоӣ ва дарёӣ дар дарёи Чини Шарқӣ ва Дарёи Ҷанубиро ба нафъи худ тағйир диҳад.

Давлати муҳофизакори Жопун пеш аз ин ҳам эълом карда буд, ки дар як даҳаи оянда буҷеи дифоъии кишварро афзоиш хоҳад дод.

Вазорати дифоъи Жопун хоҳони хариди ҷетҳои ҷанганда ва системаҳои раҳгири мушакӣ аст.

Тайи даҳ соли гузашта буҷеи низомии Жопун шоҳиди коҳиши тадриҷӣ буда, аммо дар як соли гузашта ин раванд тағйир кардааст .

Матолиби муртабит