Вазири дифоъи Жопун: Чин сулҳ дар минтақаро ба хатар андохтааст

  • 29 Октябр, 2013
 ҷазираи Сенкоку
Image caption Жопун, Тойвон ва Чин ҷазоири мавриди муноқиша дар дарёи шарқии Чинро, ки дар Жопун Синкоку ва дар Чин Диёую хонда мешаванд, мутааллиқ ба худ медонанд.

Итсунури Унудиру, вазири дифоъи Жопун гуфтааст, ки рафтори Чин бар сари ҷазоири мавриди муноқишаи ду кишвар дар дарёи шарқии Чин, сулҳ дар минтақаро ба хатар меандозад.

Вазири дифоъи Жопун вуруди Чин ба обҳои атрофи ҷазоири таҳти кунтрули Жопунро вуруд ба "минтақаи хокистарии" миёни сулҳ ва вазъияти изтирорӣ хондааст.

Изҳороти вазири дифоъи Жопун пас аз ташдиди фаъолиятҳои Чин дар атрофи ин ҷазоир ва таҳдиди Жопун мабнӣ бар сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини чинӣ дар сурати вуруд ба маҳдудаи ҳавоии осмони Жопун сурат мегирад.

Дар матлабе, ки дар хабаргузории Шинҳуо, хабаргузории расмии Чин мунташир шуда, навишта шуда, ки изҳори назари ахири мақомҳои Жопун ба шӯълаҳои оташ доман задааст. Нависандаи ин матлаб Жопунро ба афзоиши таниш бо Чин ва омода шудан барои ҷанг муттаҳам кардааст.

Равобити Чин ва Жопун ахиран бо изҳори назари мақомҳои Чин ва Жопун бештар муташанниҷ шудааст.

Шинзу Обе, нахуствазири Жопун чанд рӯз пеш дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Вол Истирит Журнол” гуфт, ки чандин кишвар аз Жопун хостаанд то барои муқобала бо қудрати фазояндаи Чин нақши пуррангтаре ифо кунад.

Нахуствазири Жопун гуфт ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Чин бихоҳад бо истифода аз қудрати худ вазъи мавҷуд дар минтақаро тағйир диҳад.

Ҳамчунин чанд рӯз пеш гуфта шуд, ки Шинзу Обе тарҳҳои дифоъии ин кишвар барои истифода аз ҷитҳои нерӯи ҳавоӣ барои шиллики ҳавопаймои бидуни сарнишини чинӣ дар маҳдудаи ҳавоии осмони Жопунро таъйид кардааст.

Сухангӯи вазорати дифоъи Чин гуфтааст, ки чунин иқдоме ба манзалаи эълони ҷанг ба Чин хоҳад буд.

Ин минтақа аз масирҳои муҳими киштиронӣ ба шумор меравад ва гуфта мешавад, ки аз назари манобеи табиӣ низ бисёр ғанӣ аст.

Чин мегӯяд асноди торихӣ ва ҳуқуқии кофӣ барои исботи иддаъои ин кишвар барои моликият бар дарёи шарқии Чин ва ҷазоири атрофи он вуҷуд дорад.

Жопун ҳафтаи пеш се бор ҷитҳои ҷангии худро пас аз парвози ҳавопаймои чинӣ то наздикии маҳдудаи ҳавоии осмони ин кишвар ба парвоз даровард.

Давлати Жопун дар соли 2012 се ҷазираро аз моликони хусусии онҳо харид, ки ин иқдом мунҷар ба бурузи таниш миёни Чин ва Жопун ва бурузи тазоҳурот дар чандин шаҳри Чин шуд.

Жопун мегӯяд аз он замон ба ин сӯ новҳои чинӣ ба таври мураттаб вориди обҳои соҳилии ин кишвар шудаанд.

Жопун гуфтааст ки рӯзи душанбе низ чаҳор киштии Чин вориди обҳои атрофи ин ҷазоир шуданд.

Матолиби муртабит