Жопун мамнуъияти содироти аслиҳаро лағв кард
Image copyrightReutersДавлати Жопун мамнуъияти худхоста бар содироти аслиҳаро лағв кард.
Рӯзи сешанбе, 12 фарвардин (1 апрел) манобеъи давлатии Жопун эълом карданд, ки Шинзу Обе, нахуствазир тасмим гирифтааст ба манзури ҳамсуӣ бо муттаҳидони ин кишвар ва ҳимоят аз саноеъи дохилӣ мамнуъияти судури таслиҳоти Жопунро лағв кунад.
Аз ҳудуди панҷоҳ сол пеш то кунун Жопун ба таври усулӣ аз фурӯши аслиҳа ба хориҷ худдорӣ варзида ва танҳо дар мавориди маъдуде ба судури "таҷҳизоти ғайримулҳик" мубодират карда, ки бахши умдаи он шомили интиқоли фанноварии низомӣ ба Иёлоти Муттаҳида будааст. Ин равия зоҳиран дар ҳамсӯйӣ бо қонуни асосии ин кишвар иттихоз шуда буд, ки ҳузури нерӯҳои низомии жопунӣ дар хориҷро манъ кардааст.
Мақомоти Жопун таъкид доштаанд, ки содироти низомии ин кишвар ҳамчунон шомили таҷҳизоте монанди қоиқ шиносоӣ ва васоили ташхиси мин ва бархе қитаъоти қобили истифода дар васоили низомӣ хоҳад буд ва таслиҳоте монанди тонк ва ҳавопаймои таҳоҷумӣ ҳамчунон машмули мамнуъияти содирот ба хориҷ боқӣ хоҳад монд.
Тасмим ба фурӯши аслиҳа ба хориҷ дар ҳоле эълом мешавад, ки равобити Жопун бо Чин ба хотири ихтилоф бар сари моликияти се ҷазираи кӯчак ва ҳузури Шинзу Обе дар зиёратгоҳи ёдбуди кушташудагони Жопун ҷанги дувум ба сардӣ гароидааст.
Нерӯҳои Жопун қабл аз шикасти он кишвар дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ барои муддате бахшҳое аз Чин ва бархе дигар аз кишварҳои минтақаро дар ишғол доштанд ва ҳар иқдоме дар Жопун, ки шоибаи низомигарӣ аз он истинбот шавад, ибрози нигаронии ин кишварро дар пай меоаварад.
Рӯзи сешанбе, Ҳунг Лӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар вокуниш ба тасмими ахири давлати Жопун гуфт, ки сиёсати низомӣ ва амниятии Жопун бар саботи минтақа таъсир мегузорад ва давлати Чин ин гуна таҳаввулотро ба диққат дунбол мекунад.
Оқои Ҳунг афзуд: "Хости мо ин аст ки тарафи жопунӣ аз торих дарси ибрат бигирад ва ба таври асосӣ ба нигаронии кишварҳои минтақа дар мавриди бархе масоил таваҷҷуҳи ҷиддӣ нишон диҳад ва дар масире ҳаракат кунад, ки мутазаммини тақвияти сулҳ ва саботи минтақаӣ аст."
Ангезаи дигари давлати Жопун дар лағви мамнуъияти судури аслиҳа ҳимоят аз ширкатҳои фаъол дар бахши саноеъи сангин монанди ширкатҳои Митсубишӣ ва Ковозокӣ аст, ки муштарии аслии онҳо то кунун фақат артиши Жопун будааст. Маҳдудияти бозор ба ин ширкатҳо имкони коҳиши ҳазинаи тавлид ва сармоягузории калон дар тавсеъаи фанноварӣ дар бархе заминаҳоро надодааст.
Баъзе аз нозирон таҳаввулоти ахир дар саҳнаи байналмилалӣ аз ҷумла афзоиши тавоноии иқтисодӣ ва низомии Чин ва ҳамчунин мавзеъгирии "таҳоҷумии" Русия дар саҳнаи байналмилалиро аз дигар авомили муассир дар тасмими давлати Жопун ба хуруҷ аз инзивои низомии ин кишвар донистаанд.
Ба гуфтаи коршиносон бо таваҷҷуҳ ба рақобати шадид дар бозори ҷаҳонии аслиҳа баъид аст таслиҳоти Жопун битавонад басуръат бахши умдае аз бозорро дар ихтиёр бигирад, аммо дар баъзе заминаҳо монанди мутури пешрафтаи киштӣ ин кишвар аз имтиёзоти қобили таваҷҷуҳе дар ҷаҳон бархурдор аст.
