Бозори бурси Жопун ба болотарин ҳадди худ дар 5 соли гузашта расид

Бозори бурси Жопун рӯзи ҷумъа ба болотарин ҳадди худ дар 5 соли гузашта расид.
Суъуди арзиши шохиси Никкей дар Жопун пас аз он рух дод, ки бонки марказии Жопун аз ҷиддитарин ҳимояти молии худ парда бардошт.
Шохиси Никкей дар оғози муъомилот бо 4 дарсад афзоиш ба болотарин ҳадди худ аз тобистони 2008 то кунун расид.
Рӯзи панҷшанбе бонки Жопун эълом кард захираи пулии кишварро бо ҳадафи афзоиши таваррум бештар хоҳад кард
Иқтисоддонон муътақиданд беш аз як даҳа коҳиши нархи таваррум боъиси рукуди иқтисод шудааст.
Мортин Шулз аз муассисаи таҳқиқотии Фуҷсисту мегӯяд: "Хушҳолии мо дар бозор табиъатан ба хотири масоъили молӣ аст. Бонкҳо бидуни дардисар пули бештаре дарёфт мекунанд, аммо моҷарои аслӣ ба содиркунандагон бармегардад. Яни заъиф ба содиркунандагон кумак мекунад бо фурӯши текнулужии жопунӣ бавижа дар бозорҳои Осиё пули бештаре ба даст биоваранд".
Сиёсатҳои пулии саҳлтар мисли сиёсати бонки марказии Жопун ба заъиф шудани нархи арз ва рақобатӣ шудани колоҳои жопунӣ дар бозор мунҷар мешавад ва арзи бештаре вориди кишвар мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе бонки марказии жопун сиёсатеро пеш гирифт, ки иддае онро асри тозаи саҳл кардани сиёсатҳои пулӣ медонанд.
Бонки марказӣ гуфта солона 50 трилюн ян, муъодили 520 милюн дулор авроқи қарзаи давлатиро харидорӣ мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд ин мизон муъодили даҳдарсади тавлиди нохолиси миллии солонаи Жопун аст.
