Забти киштии жопунӣ тавассути Чин ба хотири бидеҳии даврони ҷанг

  • 21 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Акс оршивӣ аст

Чин бано ба ҳукми рӯзи шанбеи (19 апрел) додгоҳе дар Шонгҳой, як киштии бории Жопуниро бобати як бидеҳии ҳудудан 80-сола забт кардааст.

Юшиҳида Суго, дабири ҳайати давлати Жопун, имрӯз нисбат ба авоқиби ин иқдоми Чин ҳушдор дода ва гуфтааст забти ин киштӣ эҳтимолан бар равобити тиҷории Жопун бо Чин асари манфӣ хоҳад гузошт.

Бидеҳии Жопун, ки додгоҳи чинӣ барои тасвияи он ҳукм ба забти киштии ширкати Митсуӣ додааст, ба соли 1936 ва хариди ду киштӣ аз Чин бармегардад.

Ин ду киштии чинӣ дар иҷораи Жопун буданд ва тавассути артиши ин кишвар истифода шуда ва ғарқ шуданд.

Ширкати киштиронии Жунгвӣ, молики он ду киштӣ чанд сол пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум дарёфти ғаромат аз Жопунро дар додгоҳ матраҳ кард ва саранҷом додгоҳ дар соли 2007 ҳукм дод, ки ширкати Митсуӣ бояд 30 миллиюн дулор ғаромат бипардозад.

Митсуӣ дархости таҷдиди назар кард, аммо ҳукм таъйид ва киштӣ забт шуд.

Хабаргузории жопунии Киюду мегӯяд, ки ин иттифоқ эҳтимолан аввалин мавриде аст, ки амволи як ширкати жопунӣ дар иртибот бо парвандаи мутаъаллиқ ба даврони ҷанги мусодира мешавад.

Равобити Чин ва Жопун дар солҳои ахир таҳти таъсири ихтилофот бар сари қаламрави обӣ ва хокӣ дучори таниш будааст.

Жопун аз чанд рӯз пеш сохти як истгоҳи родори низомӣ дар наздикии ҷазираҳои мавриди ихтилофро оғоз кардааст.

Матолиби муртабит