Ҳафтумин даври музокироти атумии Эрон 'бидуни натиҷаи малмус' поён ёфт

  • 27 Сентябр, 2014
Аз чап: Муҳаммадҷаводи Зариф, Ҷон Керӣ ва Котрин АштунImage copyrightMichael Mann
Image caption Аз чап: Муҳаммадҷаводи Зариф, Ҷон Керӣ ва Котрин Аштун

Ҳафтумин даври музокироти ҷомеъи атумии Эрон, ки аз 10 рӯз пеш дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал оғоз шуда буд, 'бидуни натиҷаи малмус' поён ёфтааст.

Аммо расонаҳо ба нақл аз мақомҳо ва музокиракунандагони атумӣ мегӯянд ба ҳусули тавофуқ бо Эрон зарфи чанд ҳафтаи отӣ умедворанд.

Пеш аз ин эҳтимол дода мешуд, ки нишасти вузарои хориҷаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ва Эрон дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал баргузор шавад, аммо ба гуфтаи диплумотҳо, ба далели муҳайё нашудани шароит ва пешрафти андак дар музокирот ин нишаст баргузор нашуд.

Ҳадаф аз музокироти ҷомеъи атумӣ ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи атумии Эрон аст. Мутобиқи тавофуқҳои пешин, муҳлати музокирот то севуми озармоҳ (24 ноябр) таъйин шудааст.

Дар ҷараёни нишасти Ню-Юрк ду даври музокира миёни вузарои хориҷаи Эрон ва Омрико ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷаи Урупо, ҳам баргузор шуд.

Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, Исно, мегӯяд дар охирин даври ин музокирот, ки ҷумъашаб баргузор шуд, тарафҳо баъд аз ду соъат ройзанӣ натавонистанд роҳи ҳалле барои рафъи ихтилофи назарҳо пайдо кунанд.

Аббоси Ароқчӣ, аз музокиракунандагони аршади атумии Эрон, гуфта, ки дар ҳеч як аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти Ню-Юрк тавофуқ ҳосил нашудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ҳам, ки барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ба Ню-Юрк рафта, гуфта буд, ки "пешрафтҳои каме" дар музокирот ба даст омада ва барои ҳалли ин парванда ду тараф бояд "тасмимҳои шуҷоъона" бигиранд.

Оқои Рӯҳонӣ дар ҷараёни ҳузураш дар Ню-Юрк бо руасои ҷумҳурии Фаронса ва Бритониё (ду узви Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як") дидору гуфтугӯ кард.

Пеш аз сафари оқои Рӯҳонӣ ва ҳамзамон бо афзоиши хушбиниҳо, бархе аз манобеъ ҳатто аз эҳтимоли баргузории нишасти сарони Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" хабар дода буданд.

Диплумотҳои Эрон баргузории ин нишастро мунтафӣ надониста (рад накарда), аммо эҳтимоли онро андак тавсиф карда буданд.

Матолиби муртабит