Поёни даври ахири музокироти ҳастаии Эрон ва Ғарб дар Виян

  • 17 Октябр, 2014
Нишасти сеҷонибаи Эрон, Урупо ва ОмрикоImage copyrightReuters
Image caption Нишасти сеҷонибаи Эрон, Урупо ва Омрико дар ҷараёни музокироти Виян

Даври ахири музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаи ҳастаӣ пас аз се рӯз дар Виян, пойтахти Утриш, поён ёфт.

Эрон мегӯяд ин музокирот "душвор" буда ва дар айни ҳол "дар ҳамаи заминаҳо пешрафт ҳосил шудааст."

Дидорҳои рӯзи панҷшанбе дар сатҳи мудирони сиёсии вазорати хориҷаи тарафайни музокирот буд.

Ин дидор хориҷ аз барнома аз пеш эълом шуда ва ба дархости Эрон баргузор шуд.

Барномаи қаблӣ сирфан барои музокираи намояндагони Эрон ва Урупо ва сипас музокироти сеҷониба бо ҳузури ин ду ва, ҳамин тур, Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, буд.

Сергей Рёбкуф, муъовини вазири хориҷаи Русия, гуфта, ки қарор аст ҳафтаи оянда намояндагони шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Виян дидор куанд ва барои чанд рӯз дар ин бора музокира кунанд.

Ҳамчунин, Ҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, аз вуҷуди барномае барои идомаи музокирот зарфи се ё чаҳор ҳафтаи оянда хабар дод. Ӯ гуфт маҳалли даври баъдии музокирот эҳтимолан дар Виян нахоҳад буд.

Талошҳои диплумотик

Оқои Зариф рӯзи панҷшанбе ва пас аз ин давр аз музокирот гуфт: "Дар музокироти Виян дар ҳамаи заминаҳо пешрафт ҳосил шуд ва тарафайн ба ҷойи ин ки сирфан мушкилотро баррасӣ кунанд, дар хусуси дастёбӣ ба роҳи ҳал гуфтугӯ карданд."

Ӯ дар айни ҳол гуфт "гуфтугӯҳои бисёр ҷиддӣ дар мавриди мавзӯъоти мухталиф" ҳамчунон боқӣ мондааст.

Муҳаммади Аминӣ, хабарнигори эъзомии Би-би-сии Форсӣ ба маҳалли музокирот, мегӯяд таҳаррукоти диплумотики кунунӣ ёдовари талошҳои соли гузаштаи ҳамин тарафайни музокирот аст, ки ибтидо талош карданд дар дидорҳои дуҷониба ва сеҷониба ба натиҷае бирасанд ва баъд дар як нишасти куллӣ бо ҳузури намояндагони Эрон ва ҳар шаш қудрати ҷаҳонӣ тавофуқи аввалия сурат гирифт.

Дар моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" ба як тавофуқи муқаддамотии шашмоҳа даст ёфтанд, ки бар асоси он, Теҳрон дар изои таълиқ ва тағйир дар бархе фаъъолиятҳои ҳастаӣ ба бахше аз дороиҳои масдудшудаи худ дар хориҷи кишвар дастрасӣ пайдо кард.

Он тавофуқи муқаддамотӣ аз моҳи январ иҷроӣ шуд ва шаш моҳ баъд, дар замони сар омадани фурҷаи музокирот, тавофуқи ниҳоӣ ба даст наёмад ва тавофуқи муқаддамотӣ ба муддати чаҳор моҳи дигар тамдид шуд.

Ба ин тартиб, Эрон ва кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" то 24 ноябр ё севуми озармоҳ барои расидан ба як тавофуқи ҷомеъ ва буландмуддат дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон музокира мекунанд.

Ҳарчанд тарафайн аз вуҷуди имкони тамдиди муҳлати феълии музокирот сухан гуфтаанд, Эрон, Омрико ва Урупо бар талош барои расидан ба тавофуқ дар муҳлати феълӣ таъкид доранд ва дар бораи он ибрози умедворӣ кардаанд.

Матолиби муртабит