Эрон: Таҳримҳои тозаи Омрико ноқизи тавофуқи Женев аст

  • 30 Август, 2014
afkhamImage copyrightFars
Image caption Хонум Афхам гуфт, ки кишвараш ҳаққи ҳар гуна иқдоми мутақобилро маҳфуз медонад

Вазорати хориҷаи Эрон изофа шудани ширкатҳо ва афроди ҷадид ба феҳристи таҳримҳои Омрикоро дар тазод бо тавофуқи Женев ва фароянди ҳаллу фасли масъалаи ҳастаии Эрон хондааст.

Марзия Афхам, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон, гуфт кишвараш қавиян эътиқод дорад, ки таҳримҳои эъломшуда хилофи таъаҳҳудоти Омрико бар асоси тавофуқи Женев аст.

Рӯзи ҷумъаи 7 шаҳривар (29 август) давлати Омрико ширкатҳо ва афроди тозаеро ба иттиҳоми "кумак ба барномаи ҳастааи Эрон, ҳимоят аз терурисм ва ёрӣ додан ба Эрон дар давр задани таҳримҳо" дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.

Чанд муассисаи молӣ ва бонки эронӣ, чанд ширкати ҳавопаймоӣ ва чанд ширкати хориҷӣ ва эронӣ дар феҳристи тозаи таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон қарор гирифтаанд. Ширкатҳои хориҷии таҳримшуда умдатан аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Итолиё, Тойланд ва Туркия ҳастанд.

Дар Эрон Бонки Осиё, Бонки Ховари Миёна, Бонки Қавомин, Муассисаи қарзулҳасанаи Рисолат таҳрим шудаанд. Бонки "Кафолат"-и Тоҷикистон низ, ки Омрико мегӯяд бо Бонки Сармоя муртабит буда, ва ширкатҳои ҳавопаймоии "Меъроҷ Эйр", "Коспиян Эйр", "Ёс Эйр" ва "Пӯё Эйр" низ таҳрим шудаанд.

Бар асоси тавофуқи Женев, ғарбиҳо мутаъаҳҳид шуда буданд, ки дар тайи замони музокирот таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ накунанд ва бахше аз таҳримҳои қаблиро бар асоси ин тавофуқ батадриҷ бардоранд.

Омрико изофа шудани афрод ва ширкатҳо ба феҳристи таҳримҳоро мисдоқи эъмоли таҳрими тоза намедонад ва мегӯяд онҳо ба далели нақзи таҳримҳое, ки қаблан вазъ шуда буд, ба феҳрист изофа шудаанд.

Аммо сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон ин таҳримҳоро хилофи таъаҳҳудоти Омрико хонда ва гуфтааст: "Чунин иқдомоте, бавижа ҷиддият, садоқат ва ҳусни нияти Омрико ва соири тарафҳои музокиракунанда бо Эронро зери суол мебарад."

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ҳам имрӯз дар вокуниш ба эъмоли таҳримҳои тоза гуфт: "Таҳрим зулм ва таҷовуз аст ва мо бояд ҷилави ин таҷовуз биистем ва таҷовузгаронро сари ҷойи худ биншонем ва нагзорем ин таҳрим бар сари миллат бимонад ва такрор шавад."

Матолиби муртабит