Гуфтугӯи дуҷонибаи мақомоти Эрон ва Омрико дар Женев

  • 7 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Музокироти Эрон ва Омрико нақши муҳимме дар талош барои ҳалли масъалаи ҳастаӣ доштааст

Намояндагони Эрон ва Омрико дар нишасте дуҷониба дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ мекунанд. Ин мулоқот аз пеш эълом нашуда буд.

Бомдоди панҷшанбеи 6 август вазорати хориҷаи Омрико бо судури иттилоъияе эълом кард, ки гуфтугӯҳои дуҷонибае дар сатҳи муъовинони вазирони хориҷаи Омрико ва Эрон дар Женев баргузор мешавад.

Дар ин музокирот Аббоси Ароқчӣ ва Маҷиди Тахтравончӣ, муъовинони вазорати хориҷа ва аз аъзои гурӯҳи музокиракунандагони ҳастаии Эрон ва Вилиём Бернз, муъовин ва Вендӣ Шерман, мудири кулли вазорати хориҷаи Омрико, ҳамроҳ бо теъдоде аз коршиносон аз ду кишвар ҳузур хоҳанд дошт.

Хабаргузории ИРНО бо нақл аз як узви гурӯҳи музокиракунандагон навиштааст, ки ҳадаф аз ин гуфтугӯҳо "идомаи ройзанӣ дар хусуси мавзӯъоти мавриди ихтилоф ва баррасии наҳваи наздик кардани дидгоҳҳои тарафайн" аст.

Дар моҳи ноябри соли гузашта саранҷом Эрон ва Гурӯҳи 5+1 шомили Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон ба сарпарастии Иттиҳодияи Урупо бар сари барномае барои ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Эрон ба "тавофуқи муқаддамотӣ" даст ёфтанд, ки шомили иқдомоте аз сӯйи Эрон барои маҳдуд кардани фаъъолияти ҳастаӣ ва беҳбуди назорати байналмилалӣ бар он дар баробари худдории кишварҳои ғарбӣ аз ташдиди таҳримҳои иқтисодӣ ва иҷозаи дастрасии Ҷумҳурии Исломӣ ба миқдоре аз арзи хориҷии масдудшудаи Эрон буд.

Муддати ин тавофуқнома шаш моҳ аз замони иҷроӣ шудани он таъйин шуда буд, ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ ба поён расид. Қарор буд дар ин фурсат ду тараф ба "тавофуқи ҷомеъ" шомили ҷалби итминони байналмилалӣ ва дуҷониба алайҳи Эрон даст ёбанд.

Чунин тавофуқе сурат нагирифт, аммо ду тараф пазируфтанд, ки муҳлати тавофуқи муқаддамотиро ба муддати чаҳор моҳ то 24 ноябр тамдид кунанд ва дар ин муддат ба талош барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ идома диҳанд.

Гуфта мешавад, ки иллати аслии адами тавофуқ ихтилофи назар дар мавриди зарфият ва мизони ғанисозии урониюм тавассути Эрон будааст.

Ҳанӯз вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди мулоқоти мақомоти эронӣ ва омрикоӣ дар Женев иттилоъияе мунташир накардааст.

Матолиби муртабит