Эрон аз мушакҳои круз ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин пардабардорӣ кард
Image copyrightmehrРасонаҳоии давлатии Эрон аз тавлиди ду мушаки круз ва ду ҳавопаймои бидуни сарнишини ҷадид дар ин кишвар хабар додаанд.
Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО) имрӯз, якшанбе, 2 шаҳривар (24 август) аз мушакҳои Қадир ва Насри Басир, ки ҳар ду мушаки круз ҳастанд, ба ҳамроҳи паҳподҳои (парандаи ҳидоятпазир аз дур ё ҳавопаймои бидуни сарнишин) Каррор 4 ва Муҳоҷир 4 рӯнамоӣ шуд.
Рӯнамоӣ аз ин чаҳор тарҳи саноеъи ҳавоии Эрон дар ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури он кишвар анҷом гирифт.
Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон мушаки Қадир насли ҷадиде аз мушакҳои крузи Эрон аст, ки аҳдофи дарёиро то бурди 300 килуметр бо қудрати тахриби боло мунҳадим мекунад.
Ин мушак, ки дар созмони саноеъи ҳавофазои вазорати дифоъи Эрон тарроҳӣ ва сохта шудааст, илова бар имкони шиллик аз соҳил метавонад аз шиновари дарёӣ ҳам шиллик шавад ва бад-ин тартиб бурд ва тавони амалиётии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро афзоиш медиҳад.
Мушаки Насри Басир низ як мушаки крузи дарёӣ аст, ки ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон "илова бар қобилияти чолокӣ ва қудрати амалиётӣ бо доштани сари ҷустуҷӯгари бидун интишор, ба вижагии амалиёт дар суқут ва ҳушмандӣ низ муҷаҳҳаз шудааст."
Паҳподи Каррор 4 маъмурияти раҳгирии ҳавоиро бар уҳда дорад ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо истифода аз он қобилиятҳои амалиётии густардатаре барои падофанди ҳавоӣ дар иртифоъи боло хоҳанд дошт.
Паҳподи Муҳоҷир 4 барои нақшабардории ҳавоӣ тарроҳӣ шудааст. Ин ҳавопаймои бидуни сарнишин илова бар корбурди низомӣ қобилияти истифодаи нақшабардории ғайринизомӣ барои истифода дар барномаҳои умронӣ ва тавсеъаи миллиро ҳам дорад.
Ба гузориши хабаргузории Форс оқои Руҳонӣ дар маросими рӯнамоӣ аз ин чаҳор тарҳи саноеъи ҳавоии вазорати дифоъи Эрон гуфтааст, ки истиротижии дифоъии Эрон бар асоси боздорандагӣ ва дифоъ муассир аст ва он кишвар дар муқобили таҳримҳо "даст рӯйи даст намегузорад."
