Тундбод дар Хузистон ҷони панҷ нафарро гирифт
Устондори Хузистон гузориш дода, ки бар асари тундбоди шадиди сешанбешаби 19 август дар бархе манотиқи шимолу шарқи ин устон панҷ нафар кушта ва 25 нафар масдум шудаанд.
Ҳошими Болидӣ, мудири кулли дафтари мудирияти буҳрони устондории Хузистон, ба хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, гуфтааст, ки суръати бод дар ин устон 90 килуметр бар соъат буда ва бар асари он як нафар дар Андимушк, як нафар дар Боғималик ва се нафар дар Дизфул кушта шудаанд, ки иллати марг ҳам "резиши девор, шикастани дарахтҳо ва суқут аз иртифоъ" будааст.
Ин тундбод, ки бо гарду хок ҳамроҳ буда, боъиси қатъи барқу шикаста шудани дарахтони ин манотиқ шудааст.
Воҳиди марказии хабар вобаста ба телевизиюни давлатӣ навишта, ки ин "дувумин бод дар ин ҳафта" буда, ки бар асари он ҳудуди "21 милиёрду 100 милюн тумон" хисорот ба шабаки обу барқ ва манозили маскунӣ ворид шудааст.
