Истизоҳи вазири улуми Эрон дар Маҷлис

  • 20 Август, 2014

Ҷаласаи истизоҳи Ризо Фараҷи Доно, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон дар ҷаласаи алании Маҷлис соъати 8:12 дақиқаи субҳ ба вақти Теҳрон бо раёсати Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлис, оғоз шудааст.

Вазири улум ҳамроҳ бо шуморе азъ аъзои давлат, аз ҷумла Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муъовини аввали раиси ҷумҳурӣ, Муҳаммадҷавводи Зариф, вазири умури хориҷаи, Сайф, раиси кулли бонки марказӣ, Қозизода Ҳошимӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, Аминзода,муъовини ҳуқуқии раиси ҷумҳур, дар ҷаласа ҳузур доранд.

Ба гузориши Хонаи миллат, намояндагон далели истизоҳи Ризо Фараҷӣ Доноро "дар номаи ироашуда ба ҳайъати раисаи Маҷлис, адами пойбандӣ ба равияҳои қонунӣ ва масолеҳи кишвар, машйи эътидол ва ваъдаҳои додашуда дар замони раъйи эътимоди Маҷлис ва тарвиҷи ифротигарӣ дар донишгоҳҳо" унвон карда буданд.

Албатта намояндагони маҷлиси нуҳум пас аз ин тарҳи истизоҳ, вазири варзиши давлати даҳумро ҳам пайгирӣ мекарданд аммо ин истизоҳ баъд аз ҳошияҳои фаровон ноком монд.