Зилзилаи 6.2-риштерӣ ғарби Эронро ларзонд
Image copyrightMEHRМақомҳои маҳаллӣ мегӯянд баъзе аз рустоҳои ҳаволии Мурмурии Илом тақрибан ба таври комил тахриб шудаанд.
Хабаргузориҳо гузориш додаанд зилзилае нисбатан шадид се устони ғарбии Эронро ларзондааст.
Маркази жеуфизики донишгоҳи Теҳрон бузургии зилзиларо 6.1 Риштер ва маркази онро шаҳри Мурмурӣ дар устони Илом гузориш кардааст.
ИРНО, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, навишта ин зилзила илова бар устони Илом, дар устонҳои Луристону Хузистон ҳам эҳсос шудааст.
Манобеъи маҳаллӣ дар шаҳрҳои Мурмурӣ ва Обдонони Илом аз захмӣ шудани даҳҳо нафар дар ин зилзила хабар медиҳанд, аммо ба гуфтаи масъулони Ҳилоли Аҳмари Эрон то кунун ҳеҷ марге гузориш нашудааст.
Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи шаҳри Обдонон ба хабаргузории Форс гуфта нерӯҳои Сипоҳ ва басиҷ вориди манотиқи зилзилазада шудаанд, аммо ба далели резиши кӯҳ ва баста шудани ҷодаҳо, расидан ба баъзе рустоҳо феълан ғайримумкин аст.
Маркази ларзанигории Эрон замони вуқӯъи зилзиларо ҳафту ду дқиқаи субҳ сабт кардааст. Баъд аз ин зилзила чанд пасларзаи мутаволӣ сабт кардааст, ки бузургтарини он 4.8 Риштер будааст.
Ба гузориши ин марказ, зилзила дар умқи 10-килуметрии замин сабт шудааст. Пойгоҳи ларзанигории Омрико бузургии ин зилзиларо 6.2 Риштер гузориш кардааст.
Шаҳри Мурмурӣ дар ҷануби устони Илом беш аз 3400 нафар ҷамъият дорад.
Тахриби 8 русто дар Мурмурӣ
Хабарнигори ИРНО, ки ба наздикии маҳалли зилзила рафта, аз тахриби шуморе аз сохтмонҳо, аз ҷумла маркази мухобироти шаҳри Обдонон дар Луристон хабар додааст.
Муҳаммадризо Марворид, устондори Илом, ба ИРНО гуфта зилзила хисороти молӣ дошта, аммо то кунун хисороти ҷонӣ гузориш нашудааст.
Оқои Марворид аз тахриби 8 русто дар Мурмурӣ хабар дода ва гуфта ба ин рустоҳо хисороти зиёде ворид шудааст.
Ҳусейни Дурахшон, сухангӯйи Созмони имдод ва наҷоти ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, ба ИСНО гуфта чаҳор гурӯҳи арзёб аз устони Илом ба минтақа эъзом шудаанд, то шиддати хисоратҳоро тахмин бизананд.
Ба гуфтаи оқои Дурахшон барқ ва иртибототи телефунӣ дар бахшҳое аз минтақа қатъ шудааст.
Аз шаби гузашта чанд зилзила ва пасларзаи дигар дар минтақа сабт шудааст. Дирӯз маркази жеуфизики Теҳрон аз зилзилае ба бузургии 4.9 Риштер дар ҳамин шаҳри Мурмурии устони Илом хабар дода буд.
Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд вуқӯъи пасларза ва зилзилаҳои мутаъаддид боъиси омодагии мардуми минтақа шуда буд.
