Заминларза дар устони Ҳурмузгони Эрон талафоте бар ҷо гузошт

Вуқӯъи заминларза дар устони Ҳурмузгони Эрон хисороти молӣ ва ҷонӣ ба ҳамроҳ доштааст.
Муассисаи жеуфизики Донишгоҳи Теҳрон гузориш кардааст, ки субҳи панҷшанбеи 12 дай (2 январ) дар соъати 6:43:57 ба вақти маҳаллӣ заминларзае ба бузургии 5 ва 5 даҳум дар миқёси Риштер ҳаволии Кӯхирди устони Ҳурмузгонро ларзонд.
Хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, ба нақл аз сарпарасти мудирияти буҳрони устондории Ҳурмузгон навиштааст, ки заминларзаи субҳи панҷшанбе дар маҳдудаи Кӯхирд ва Ҳаранги Бастак эҳтимолан талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дорад.
Вай гуфтааст, ки то кунун кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани теъдоде дигар таъйид шуда ва хисороти зиёде ҳам ба сохтмонҳои минтақа ворид омадааст.
ИРНО ба нақл аз яке аз сокинони Бастак навиштааст , ки бештари хонаҳо тарак хӯрда ва қобили сукунат нест ва сокинони онҳо аз бими харобии сохтмон дар хориҷ аз хона ба сар мебаранд.
Хабаргузории Тасним ҳам ба нақл аз як мақоми созмони Ҳилоли Аҳмар навиштааст, ки муҳиммтарин мавзӯъ барои имдодгарон искон (сарпаноҳ додан)-и осебдидагон аст.
Маъмурони имдод барои кумак ба осебдидагон ба минтақа эъзом шудаанд.
Муассисаи жеуфизик гуфтааст, ки заминларзаи рӯзи панҷшанбе дар умқи 20 килуметрии замин рух дода ва конуни он дар 11-килуметрии Бастак, 22-килуметрии Ҷуноҳ ва 50-килуметрии Бандари Чораки устони Ҳурмузгон воқеъ будааст.
Дар соъоти баъд чанд пасларза бо бурузгии байни 4,5 дараҷаи Риштер то 3.1 (севу як даҳуми) Риштер аз минтақа гузориш шуд.
Дар соли ҷорӣ чандин заминларза дар манотиқи ҷанубии Эрон, аз ҷумла дар устони Ҳурмузгон ба вуқӯъ пайваста, ки хисороти ҷонӣ ва молӣ ҳам ба дунбол доштааст.
Аксари нуқоти Эрон ба далели хусусиёти заминшиносӣ аз манотиқи зилзилахез маҳсуб мешаванд ва дар гузашта вуқӯъи заминларзаҳои шадид гоҳ талафоти сангинеро дар пай доштааст.
Яке аз илали талафоти сангини заминларза дар Эрон ин аст, ки аксари сохтмонҳо ва таъсисоти шаҳрӣ барои муқовамат дар баробари заминларза тарроҳӣ ва сохта нашуда ва бахусус вуҷуди биноҳои суннатӣ дар бисёре аз манотиқи рустоӣ хатароти бештареро мутаваҷҷеҳи сокинони онҳо мекунад.
Таҷи солҳо ва бахусус дар мавориди вуқӯъи заминларзаҳои пурталафот давлатҳо аз барномаҳое барои муқовимсозии сохтмонҳо дар Эрон сухан гуфтаанд, аммо дар мавриди домана ва пешрафти кор дар ин замина гузорише дар даст нест.
Шаҳристони Бастак дар устони Ҳурмузгон воқеъ шуда ва бо шаҳристонҳои Лористон, Порсиён, Бандари Линга, Ломард ва Хамир ҳаммарз аст. Шаҳри Бастак, маркази ин шаҳристон, шаҳре таърихӣ бо собиқаи тамаддуне тӯлонӣ аст.
