Сипоҳи посдорони Эрон: Як паҳподи исроилиро сарнагун кардем
Image copyrightdРавобити умумии кулли Сипоҳи посдорони Эрон бо интишори иттилоъияе аз сарнагун кардани як ҳавопаймои бидуни сарнишини (паҳподи) исроилӣ хабар додааст.
Дар ин иттилоъия ки имрӯз, якшанбеи дувуми шаҳривар (24 август) мунташир шуд, омадааст, ки ин ҳавопаймои "ҷосусии" бидуни сарнишин баъд аз раҳгирӣ тавассути падофанди нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ ҳадафи мушак қарор гирифта ва сарнагун шудааст.
Бано бар ин иттилоъия ин ҳавопаймои бидуни сарнишини родоргурез қасди нуфуз ба ҳарими минтақаи ҳастаии Натанзро дошта, аммо қабл аз вуруд ба ин минтақа мавриди исобати мушаки замин ба ҳаво қарор гирифтааст.
Таъсисоти ҳастаии Натанз аз ҷумлаи таъсисоти ғанисозии урониюми Эрон аст, ки дар наздикии шаҳри Натанз дар устони Исфаҳон дар маркази Эрон воқеъ шудааст.
Аз матни иттилоъияи Сипоҳи посдорон, ки аз сарнагунии ин паҳпод "қабл аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Натанз" хабар медиҳад, ин тавр ба назар меояд, ки ин ҳавопаймои бидуни сарнишин то манотиқи марказии Эрон парвоз кардааст.
Сипоҳи посдорон дар иттилоъия "ҳаққи ҳар гуна вокуниш ва муқобала ба мисл"-ро барои худ маҳфуз донистааст.
Исроил ҳанӯз вокунише ба ин хабар нишон надодааст.
Пеш аз ин Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз шикор ё дар ихтиёр гирифтани паҳподи омрикоӣхабар дода буд, аммо ба назар меояд ин аввалин бор аст, ки хабари сарнагунии як ҳавопаймои бидуни сарнишини исроилӣ дар осмони Эрон мунташир мешавад.
