Вазири дифоъи Эрон: Иҷозаи боздиди ҷадид аз Порчинро намедиҳем

  • 23 Август, 2014
ПорчинImage copyrightDigitalGlobe
Image caption Эрон мегӯяд дастрасӣ ба ин сойт ба далели низомӣ будани он ҷузви таъаҳҳудоти подмонӣ (Муъоҳидаи манъи густариши силоҳҳои атумӣ) нест

Ҳусейни Деҳқон, вазири дифоъи Эрон, гуфтааст, ки кишвараш иҷозаи боздиди муҷаддад аз сойти Порчинро ба бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ намедиҳад.

Оқои Деҳқон, ки ба муносибати рӯзи санъати дифоъӣ бо хабарнигорон дар Теҳрон суҳбат карда, гуфт "ожонс борҳо аз Порчин боздид карда ва намунабардорӣ ҳам карда" ва "дар ҳоли ҳозир мавзӯъият надорад ожонс аз Порчин боздид кунад."

Сойти Порчин дар ҷануби шарқии Теҳрон қарор дорад ва ба гуфтаи мақомҳои эронӣ, як маркази низомӣ аст ва ҳеҷ фаъъолияти атумӣ дар он анҷом намешавад.

Аз ҳудуди 11 сол пеш, ки кишварҳои ғарбӣ тардидҳое нисбат ба барномаи атумии Эрон матраҳ карданд, Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ хоҳони дастрасӣ ба таъсисоти низомии Порчин дар ҷануби шарқи Теҳрон аст ва дастикам як бор аз он боздид кардааст.

Мушаххас нест, ки оё ожонс дар даври ҷадиди ҳамкориҳои Эрон, ки дар давраи риёсати ҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ оғоз шуда, ҳам хостори боздид аз Порчин аст ё ишораи вазири дифоъи Эрон сирфан изҳори назар дар посух ба суоли хабарнигорон будааст.

Эрон мегӯяд дастрасӣ ба ин сойт ба далели низомӣ будани он ҷузви таъаҳҳудоти подмонӣ (Муъоҳидаи манъи густариши силоҳҳои атумӣ) нест.

Вазири дифоъи Эрон дар айни ҳол гуфта "мо ҳеҷ иттилоъоте аз донишмандони дифоъии кишварро ба Ожонси Энержии Атумӣ нахоҳем дод" ва "ҳеҷ гоҳ тавони мушакии Эрон мавзӯъи музокира бо ҳеч кас нахоҳад буд."

Оқои Деҳқон ба боздиди Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷа, аз саноеъи дифоъӣ ишора карда ва гуфта "ҳамаи масъулин ва миллат боистӣ ба сурати воқеъӣ аз тавонмандии дифоъии кишвар огоҳ бошанд, то бо огоҳӣ аз он аз манофеъи Эрон дифоъ кунанд."

Се рӯз пеш аз ин, вазорати дифоъ хабар дода буд, ки оқои Зариф ба ҳамроҳи муъовинини вазорати умури хориҷа ва сафирони Эрон дар хориҷ аз кишвар аз бахшҳои мухталифи саноеъи дифоъии вазорати дифоъ боздид карданд.

Авоили тобистони соли ҷорӣ Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, хостори баргузории “як тури низомӣ барои масъулини кишвар” шуда буд.

Матолиби муртабит