Заррофае дар Офриқои Ҷанубӣ бо пул тасодуф карду мурд

  • 2 Август, 2014
Image copyrightnon

Як ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи ҳайвонот дар Офриқои Ҷанубӣ дар ҳоли баррасии марги заррофаест, ки савор бар комюне дар бузургроҳ дар ҳоли интиқол ба мазраъа буд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки яке аз ду заррофаи савори комюн (мошини боркаш) сараш ба пули бузургроҳ дар Жуҳонесбург бархӯрд кард.

Комюн баъд аз ин иттифоқ чандин соъат барои таъмир мутаваққиф шуд.

Ҳарду заррофа ба як домпизишкӣ мунтақил шуданд. Аммо Созмони миллии ҳифозат аз ҳайвонот дар баробари хушунат гуфта яке аз заррофаҳо баъд аз расидан ба бемористон мурдааст.

Ин ҳодиса дар Туитер сару садои зиёде ба роҳ андохтааст.

Тинус Бусо туит карда, ки пушти комюн дар ҳоли ронандагӣ буд, ки яке аз заррофаҳо сараш ба пул исобат кард. Ӯ дубора туит кард, ки "як олама хун."

Рик Олtн, раиси Cозмони миллии ҳифозат аз ҳайвонот дар баробари хушунат, таъйид кард, ки заррофа бар асари зарбаи шадид ба сараш мурдааст, вале гуфта барои баррасии иллати дақиқтари марг заррофа колбадшикофӣ хоҳад шуд.