Вазири хориҷаи Бритониё: Мумкин аст музокирот бо Эрон тамдид шавад

  • 20 Ноябр, 2014
Image copyrightBBC World Service

Филип Ҳомунд, вазири хориҷаи Бритониё рӯзи чаҳоршанбе нисбат ба расидан ба тавофуқ бо Эрон то рӯзи 24 ноябр ибрози тардид кард, аммо аз эҳтимоли тамдиди муҳлати музокирот сухан гуфт.

Дувумин рӯзи музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 рӯзи чаҳоршҳанбе дар Виен анҷом шуд. Ду тараф бо тамдиди тавофуқи муқаддамотии Женев барои чаҳор моҳ то рӯзи 24 ноябр ба худ муҳлат додаанд ба як тавофуқи ҷомеъ бирасанд.

Оқои Ҳомунд, ки пештар бо Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дидор карда буд, гуфт: "Ман нисбат ба ин ки битавонем то душанбе муъомиларо комил кунем, хушбин нестам, аммо фикр мекунам агар битавонем пешрафте қобили мулоҳиза дошта бошем, мумкин аст битавоним роҳе барои тамдиди муҳлат барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ пайдо кунем, агар дар масири дуруст пешрафт дошта бошем."

Ӯ изофа кард: "Агар қарор аст ба тавофуқ бирасем лозим аст музокиракунандагони эронӣ дар чаҳор ё панҷ рӯзи оянда ба таври қобили таваҷҷуҳе инъитофпазирии бештаре нишон диҳанд."

Вазири хориҷаи Бритониё ҳамчунин гуфт, ки "ҳарчанд Гурӯҳи панҷ ба иловаи як хоҳони тавофуқ бо Эрон аст, аммо як тавофуқи бад намехоҳад. Тавофуқ накунем беҳтар аст, то ба як тавофуқи бад бирасем."

Бино ба гузоришҳо Тунӣ Блинкен, аз муъовинони тими мушовири амнияти миллии Омрико ҳам дар Вошингтун гуфт, ки расидан ба тавофуқ ғайримумкин нест. Комилан ба ин бастагӣ дорад, ки оё Эрон моил ба бардоштани гомҳои лозим барои қонеъ кардани мо ва шарикони мо доир бар сулҳомез будани аҳдофи барномаи атумиаш ҳаст ё на."

Питер Витиг, сафири Олмон дар Омрико ҳам тамдиди муддати музокиротро мардуд надонист ва гуфт, ки ҳалли ин ин мушкил метавонад ба ҳамкорӣ бо Эрон барои ҳалли муноқишаҳои минтақаӣ монанди Сурия мунҷар шавад ва афзуд: "Агар ин музокирот ноком монад, ҳеҷ барандае нахоҳад дошт."

Ҳамзамон Сергей Рябков, муъовини вазорати хориҷаи Русия, гуфтааст, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи ин кишвар, фақат дар сурате дар гуфтугӯҳои Виен ширкат хоҳад кард, ки пешрафти кофӣ ба даст омада бошад.

Як манбаъи огоҳ дар давлати Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфт: "Расидан ба тавофуқ ба тамоюл ва тавоноии Иёлоти Муттаҳида барои бардоштани таҳримҳои эъмолшуда бар Эрон бастагӣ дорад."

"Имкони тавофуқ ҳаст"

Пештар дар ин рӯз Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, ки агар тарафи музокира "барои тавофуқ иродаи сиёсӣ дошта бошад ва зиёдахоҳӣ накунад, шароит барои ҳусули тавофуқ муҳайё аст."

Оқои Рӯҳонӣ пас аз нишасте муштарак бо раиси маҷлис ва раиси қувваи қазоияи Эрон, дар бораи эҳтимоли расидан ба тавофуқи атумӣ ибрози хушбинӣ кард: "Дар бораи куллиёти масъалаи музокироти ҳастаӣ ва аҳдофе, ки дунбол мекунем ва низ ҳимоят аз музокиракунандагон дар низоми ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад."

Муъовинони вазорати хориҷаи Эрон ва Омрико ҳамчун асри рӯзи аввали музокирот рӯзи чаҳоршанбе ҳам гуфтугӯҳои дуҷонибае бо ҳам доштанд.

То кунун музокироти дуҷонибае ҳам миёни музокиракунандагони Эрон бо ҳамтоёни фаронсавӣ, бритониёӣ ва олмонишон анҷом шудааст. Сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон фазои ҳоким бар музокиротро "фишурда ва ҷиддӣ" тавсиф карда ва гузориши бархе аз расонаҳо дар бораи тамдиди муҳлати музокиротро рад кардааст.

Ҳадаф аз тавофуқи ҷомеъ ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи атумии Эрон шомили лағви таҳрими хориҷӣ дар баробари рафъи нигаронии Гурӯҳи 5+1 аз барномаҳои Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар оғози музокироти ин давра гуфтааст, ки "дар сурате, ки тарафи муқобил иродаи сиёсиро брои иттихози тасмим сахт дошта бошад, ҳанӯз ин имкон ҳаст, ки ба тавофуқ даст ёфт."

Матолиби муртабит