Музокироти атумии Эрон; Оғози ҳафтаи душвор ва таъйинкунанда

  • 18 Ноябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Вазири умури хориҷаи Эрон, муъовини аввали раиси Иттиҳодияи Урупо ва вазири умури хориҷаи Омрико ахиран дар пойтахти Умон ба муддати ду рӯз гуфтугӯ карданд

Музокиракунандагони Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба Виен, пойтахти Утриш, рафтаанд, то дар охирин даври музокироти ҳастаӣ пеш аз зарбулаҷали 24 ноябр барои даст ёфтан ба тавофуқе ҷомеъ дар мавриди барномаи атумии Эрон ва поён додан ба муноқишаи 14-сола талош кунанд.

Мақомоти Эрон ва Омрико мегӯянд, ки даст ёфтан ба чунин тавофуқе мумкин , аммо мусталзими тасмимгириҳои душвор аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст: "Дар сурате, ки тарафи муқобил иродаи сиёсиро барои иттихози тасмим сахт дошта бошанд, ҳанӯз ин имкон ҳаст, ки ба тавофуқ даст ёфт. Аммо ироаи хатти қирмизҳои бемаъно, ки барои хушомади гурӯҳҳои фишор аст, на кумаке ба ҳалли мушкил мекунад ва на кумаке ба силоҳҳои атумӣ."

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ҳам аз Эрон хостааст, ки тамоми талоши мумкинро бикунад, то сулҳомез будани барномаи атумиаш тазмин шавад.

Хабарнигори Би-би-сии форсӣ, ки барои пӯшиши хабарии музокирот ба Виен рафта, ба нақл аз як мақоми баландпояи омрикоӣ мегӯяд, ки дар музокироти сеҷонибаи ахири миёни Эрон, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар Умон маҳдудиятҳои мавриди тавофуқи кишварҳои Гурӯҳи 5+1 бо ҷузъиёт ва ба сурати мактуб дар ихтиёри мақомоти эронӣ қарор гирифтааст.

Матолиби муртабит