Эрон ва Русия барои сохти ду нерӯгоҳи тоза қарордод имзо карданд
Image copyrightReutersАлиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атумии Эрон дар сафар ба Маскав қарордоди сохти ду нерӯгоҳи атумии ҷадид тавассути Русия дар Бушеҳрро имзо кардааст.
Ин қарордод миёни оқои Солеҳӣ ва Сергей Кириенко, раиси ширкати давлатии Русатом имзо шуда ва дар он имкони афзоиши сохти нерӯгоҳҳои тозаи ҳастаӣ то ҳашт воҳид дар оянда дар назар гирифта шудааст.
Хабаргузории Итортоси Русия гузориш дода дар ин қарордод дар бораи сохти ду нерӯгоҳи ҷадид дар Бушеҳр тавофуқ шуда ва имкони афзоиши он то чаҳор воҳид ҳам дар ин минтақа дар назар гирифта шудааст.
Бано бар ин гузориш чаҳор воҳиди дигар мумкин аст дар оянда дар нуқоти дигаре, ки ҳануз мушаххас нашуда, сохта шавад.
'Таклифи маҷлис'
Раиси созмони энержии атумии Эрон субҳи имрӯз, сешанбе, 11 ноябр баъд аз вуруд ба Маскав гуфт, ки ду нерӯгоҳи тоза "ба манзури таъмини сарфаҷӯӣ дар сармоягузорӣ" дар устони Бушеҳр сохта мешаванд.
Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ "дар маҷмуъ дар устони Бушеҳр 5 нерӯгоҳи атумӣ эҳдос хоҳад шуд, аммо ин нерӯгоҳҳо пас аз поёни мароҳили сохти ду нерӯгоҳи мавриди тавофуқи имрӯз хоҳад буд ".
Оқои Солеҳӣ ин қарордодро бахше аз талоши Эрон барои тавлиди 20 ҳазор мегавот барқи атумӣ унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ "аз таколифе аст, ки маҷлиси Шурои исломӣ барои давлат дар назар гирифтааст".
Пружеи нерӯгоҳи феълии атумӣ дар Бушеҳр, ки сохти он пеш аз инқилоби исломӣ оғоз шуда буд, дар соли 1995 ба русҳо вогузор шуд.
Роҳандозии ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди ҳазор мегавотт барқ борҳо ба таъвиқ афтод. Акнун мақомҳои Эрон мегӯянд ин нерӯгоҳ бо зарфияти комил вориди шабакаи барқи кишвар шудааст.
Мубодалаи сӯхт
Хабаргузории Эрон ҳамчунин ба нақл аз оқои Солеҳӣ гузориш додаанд, ки дар музокироти имрӯзи ӯ "дар бораи созукор барои мубодилаи сӯхти ҳастаӣ бо тарафи русӣ" ҳам музокира хоҳад шуд.
Пеш аз ин рӯзномаи Ню Йурк Тоймз дар гузорише навишта буд, ки Эрон қабул карда, ки дар чорчӯби як "тавофуқи муваққат" бештари урониюми ғанишудаи худро ба хоки Русия интиқол диҳад. Ҳарчанд вазорати умури хориҷаи Эрон ин гузоришро таъйид накард.
Оқои Солеҳӣ имзои ҳамзамони қарордоди сохти нерӯгоҳи атумӣ ва музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Умонро "комилан тасодуфӣ" хонд.
Музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 баъд аз ду рӯзи гуфтугӯҳои сеҷониба миёни Эрон, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо аз имрӯз, сешанбе бо ҳузури муъовинони вузарои хориҷа дар Масқат оғоз шудааст.
Аббоси Ароқчӣ дар остонаи оғози ин давр аз музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки дар музокироти сеҷониба пешрафте ба даст наомадааст.
Муҳлати тамдидшуда барои тавофуқи ниҳоии ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ 26 ноябр ба поён мерасад.
